Давлатов барои куштори ҳамдеҳааш дар курсии айбдорӣ нишастааст
Хобилҷон Давлатов, сокини ноҳияи Масчоҳи вилояти Суғд аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иттиҳоми куштор дастгир шудааст.
Тавре аз Вазорати умри дохилии Тоҷикистон хабар доданд, Давлатови 31-сола 13 январи соли равон бо корд Аҳмад Ҷумаевро захмӣ кардааст. “Онҳо дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ вохӯрда бо ҳам муноқиша мекунанд. Хобилҷон Давлатов бо корди хоҷагии дар дасташ буда як маротиба ба китфи чапи Аҳмад Ҷумаев зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад”,-афзуд манбаъ.
Дар пайи ҷароҳати бардошта Аҳмад Ҷумаеви 29-сола дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат мерасад. Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |