Бахшҳо

Ҷавоби Одинаев ба "Тоҷикистони нав..."-и Ҳумайрои Бахтиёр

Дар пайи нашри матлаби хабарнигори “Озодагон” Ҳумайрои Бахтиёр, зери унвони "Тоҷикистони нав"-е, ки мардумаш аз мондан рафтанро беҳтар мешуморанд, ба унвонии хабаргузорӣ аз номи Пӯлод Одинаев ҷавоб ба Ҳумайрои Бахтиёр ворид гардид, ки бетағйир пешкаши Шумо мекунем:

Шеваи нигориши бархе рӯзноманигорон, аниқтараш мақсаду мароми онҳо на ҳамеша равшану ошкорост. Баъзан гумон мекунам, ки рӯзноманигорон амдан ба таҳлили мавзӯъҳое даст мезананд, ки боиси коста шудани манзалаташон дар байни хонандагон мегардад.

Ахиран рӯзноманигори «Озодагон» Ҳумайрои Бахтиёр ба таърифу тавсифи ҳизби сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав» ва ноком гардидани созмондиҳандагони он – Зайд Саидов ва ҳамақидаҳояш пардохта, мақолаеро бо номи «Тоҷикистони нав»-е, ки мардумаш аз мондан рафтанро беҳтар мешуморанд» таълиф намудааст. Ӯ баён кардааст, ки гӯё ҳадаф аз созмон додани ҳамчунин ҳизбе, танҳо бунёди ҷомеаи озоди иқтисодӣ будааст.

Ҳумайрои Бахтиёр мегӯяд, ки гӯиё баъди маҳбус гардидани созмондиҳандаи ҳизби мазкур Зайд Саидов, имрӯз дигар ҳар шахсе дар бораи бунёди Тоҷикистони нав на ба таври озод, балки тарсида ё ба қавли худи ӯ «миш-миш» мекунад, яъне ошкоро сухан рондан дар ин мавзӯъ маънои «хоин» шуданро дошта бошад. Аммо банда дар ин бора гуфта метавонам, ки ошкоро сухан гуфтан боз чӣ хел ҳам мешуда бошад, дар сурате ки матлаби зайл чунон расонаӣ шуда, ВАО-и Тоҷикистонро фаро гирифтааст, ки дигар аз хондани он ҳамагӣ хаста шудаанд.

Ҳумайро дар мақолааш солҳои мудҳиштарини бархӯрдҳои низомии кишварро аз лиҳози таъмини доимии барқу газ ба некӣ ба ёд овардааст. Аммо ман мегӯям, ки хуб мешуд ин рӯзноманигори ноогоҳ дигар он солҳои мудҳишро ёд намекард. Он замон, намедонам Ҳумайро чандсола буд, ҳанӯз сари ақл омада буд ё не, барқу газ бозмондаҳои шӯравӣ буданд, ки дар дуди ҷанги бародаркуш нопадидашон сохтанд. Шояд дар пойтахт барқу газ фаровон буд, аммо дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ мардум нони хӯрдан надошта, қисме аз аҳолӣ дар муҳосира қарор доштанду аксари мардуми тоҷик хун мегирист. Вақте рӯзноманигор ба таҳлили чунин мавзӯи ҷиддӣ даст мезанад, бояд аввал маънии каломи баёнашро хуб санҷидаю баррасӣ кунад. Замони бархӯрдҳои низомии кишвар, ки нанговартарин солҳои таърихи миллатамон ба шумор меравад, аз кадом ободӣ мешуд ҳарф зад. Он замон мардум на гармиро ҳис мекарданду на дар орзуи рӯшноӣ буданд, барои онҳо танҳо оромишу осоиштагӣ неъмати гаронбаҳотарин маҳсуб мешуд, ки он маҳз бо шарофати ҳукумати муосир ба даст омад. Он сулҳу суботе, ки имрӯз бархе ба қадри он нарасида, қасд доранд бо васфи ҳар гуна ҳаракатҳои худхоҳона ҷомеаи нав барпо намоянд, осон ба даст наомадааст ва бояд ҳар як фарди Тоҷикистон дар ин бора андеша кунад.

Дар ҷое рӯзноманигор қайд намудааст, ки мардуми ҷаҳон дар фикри фатҳи кайҳон аст, мо дар торикиву сардӣ. Бале, мардуми ҷаҳон кайҳонро фатҳ менамоянд, аммо мисли ин ки Ҳумайро тоза аз кайҳон фаромада бошаду бехабар аст, ки ҳукуматдорони муосири кишвар дар бунёди иншоотҳои барқӣ-обӣ дар пайи чӣ тадбирҳое ҳастанд. Ин мавзӯъ масъалаи доғи минтақа аст ва умедворем роҳи ҳалли худро меёбад, вале барои таҳлили як рӯзноманигори оддӣ тааллуқ надорад.

Муаллифи мақола оид ба мардонагиву ҷасурӣ сухан ронда, ёдовар шудааст, ки ин сифатҳоро аз афсонаҳо шунидааст, вале имрӯз осори онро намебинад. Вале моро дар рӯҳияи мардонагиву ҷасурӣ тарбият карда, қабл аз ҳама ватандӯстиву садоқатро талқин менамуданд, меҳнати ҳалол кардан ва хӯрдани нони ҳалолро доимо дар зеҳнамон тарғиб менамуданд. Пирони рӯзгордида насиҳат мекарданд, ки инсон бояд нафси худро идора карда тавонад, панди маъмулии онҳо – «Нимтаи нон – роҳати ҷон» буд.

Ҳумайро иддао дорад, ки ҳамин Зайд Саидов танҳо орзуи таъсис додани «Тоҷикистони нав»-ро дошт, ки ҳаққи инсонии ӯ буд. Агар ҳар тоҷиру нозиру шоиру рӯзноманигор ҳаққи инсонӣ гуфта, Тоҷикистонро ба маҷрои худ бичархонанд, пас аз ин кишвари кӯчак чӣ ҳам хоҳад монд?

Ҳанӯз ҳам дер нашудааст. Хуб мебуд, агар Ҳумайро ва ҳамақидаҳояш ба ҷои ҷонибдорӣ ва пуштибонӣ аз «Тоҷикистони нав» худро ба маҷрои нави зиндагӣ омода сохта, мавқееро интихоб менамуданд, ки бар нафъи ҷомеа бошад. Хуб мебуд муаллиф пеш аз ҳама аз худ «Ҳумайрои нав» месохт, ки танҳо воқеияти аслии ҷомеаро инъикос намояд, чун рисолати аслии як рӯзноманигор ин аст!
Мӯҳр
Додари азиз!
Ту як бор нигох ба барномахои телевизион ва филмхои хунари, амсоли "Бехуда хорам макун"-ро тамошо кун пас дар бораи он гуй ки кадоми аз одамхо Точикистонро ба вартаи нобудиву халокат мерасонанд?

Ali
Behtarin sukhanho ofarin in Humayroi guftaaton az rui adolat namenavisad in kudakro ham man khub medonam. In jurnalist ham shuda nametavonad va medonam in namudho faqat mardumro ba shur vtovarand...

Муин
Ахсан дар хакки Xумайро суханхои сазовор гуфти! У вокеан хам хабарнигорест ки хакикати вокеии Точикистонро нодида мегирад ва хеч кас ба у (инсони бетачриба дар зиндаги) барраси кардани мавзуъхои мухим ва чиддиро надодааст!

Точик
Чаноби Пулод Одинаев ба фикрам корманди фабрикаи машхур аст. Гуфтааст ки магар чоп шудани хамин макола нишонаи озоди дар кишвар нест? Бале чаноби Пулод, рузноманигороне хастанд ки мисли хохарамон Хумайро дили мардумро, орзуи мардумро ошкор менависанд, чоп хам мешавад ба он хотир ки Хумайрои азизамон ба чуз хамин каламашон дигар чизе надоранд ки аз дасташон гиранд. Гохо чунин мешавад ки баъзе рузноманигорони хак гуйро латту куб мекунанд, ахенан боздошту тахкир мекунанд, тахдид мекунанд, муассисони хафтаномахоро низ тахдид мекунанд, баъзеяшонро бо додани маблагхои зиед аз гуфтани хакикат дар масоили муъайян манъащон мекунанд, хулоса максади Хумайро дар бораи афроде буд ки мисли Зайд метавонанд ва имконият доранд ки бар чомиъа таъсир расонанд. Ана чунин афродро бо хабси Зайд тарсониданд. Магар Зайд мардумро бар зидди хукумат бо роххои гайри конуни ба мубориза даъват карда буд ки шумо мегуед ки "агар хар точиру ... Хакки инсони гуфта Точикистонро ба мачрои худ бичархонад пас аз ин кишвари кучак чи хам хохад монд?" . Магар Зайд аз рохи интихобот ва аз тарики мандати мардум ки сохибони аслии ин кишвар онхо хастанд, фаъолият кардан намехост??????

Мухтарам Пулод Одинаев лагандбардор хам боши, чони гапа гуфти. Дар хакикат Хумайро вокеияти чомеаро яктарафа бахо дода, дастовардхоро ба назар намегирад. Бемантикона тахлил карда, беаклона шарх медихад. Мисолхои бемаврид пешниход мекунад. Офарин!!! Хуб бобаш карди!!!
Озодагон, озодаи манфиати хешутабориро бо "кахрамони мо" як су гузошта, чоп кун. Диди ку тарафи хеч кадомашро нагирифтаам.

Хумайро аз макола навистан даст бикаш бо ин суханхое, ки дар хаки ту гуфтан ман бошам ихтисосамро иваз мекунам

Фулод
Пулод Одинаев ё корманди фабрикаи чавоб гуем бехтар аст. Шумо гуфтаниед точик дигар орзу накунад? барои точик зиндагии бехтар харом аст? яъне точик бояд факат нимта нон гуфта зунукша гирад? Пулодчон шумо аслан ъокил хастед? чихо мегуед?
ин чи ватандусти аст? ё шумо точик нестед? то кай шумо моро аз чанг метарсонед? чанг бо ки? бо шумо? яъне мо агар пешрафт хохем шумо доброволисто бар зидди мо чанг эълом мекунед? ин чи сиёсат аст?
Пулодчон вазифаи амният (доброволисти) ин дифоъ аз як оила нест!!! Шумо ба хотири мардуми точик агар точик бошед камтар фаротар равед ва хидмати мардум кунед на хидмати як оила
худо хидоят кунад

Гуш кун Пулод,ошно ту тамоман хатои махз мекуни,барои оне,ки ин кадар фахр мекунем,ки давлати озодем барои дар сафи ин кадар хизбхои бефоидаву беноме,ки хатто мардум намедонанд,ки раисони ин хизбхо кихоянд,як хизби нави дигар фаъолият мекард. Чаро хукумат намонд ки хизб таъсис ебад,бовар кун тарсиданд,ки хакикатан хам Точикистони нав ягон навоварии дигар меорад,барои хамин коксуд кардан як одами бегунохро,аз парокандашавии империяи оли Рахмон тарсиданд,ту хам ошно аз хамин империя фоида мебари, нохак гап мезани!!!Дсвраи чанги шахрвандиро ман низ шохид будам,одамоне ки ин сохти конститутсиониро сохтанд,хамагиро куштанд е ин ки дар махбасхо умр ба сар мебаранд, ту ошно сафсатахони накун.

Яъкуб.
Хумайрои Бахтиер зан хам ,ки бошад аз чунин мардон (Одинаев П) хазор бор мардтару часуртар хаст.Одинаев чунин сухан мегуяд, ки гуе дар Точикистон садхо хизб бошад монанди дигар давлатхо.Хол онки танхо як хизби мухолиф дорем ХНИТ.Илтимос бародарон хамин шаттохиву маддохиро БАС кунед.Як бор чашм кушоед бинед бо таърифи зиед гуфтанд, ки баъди ба истифода додани ТЕЦ 2 баркро ба ахоли зиед мекунем аз имруз аллакай баркро дар нохияхо баръакс як соат кам шуд..

Офарин чаноби Одинаев. Хакикатро навиштед.

Точикистон давлати демократи ва хукукбуньёд хисоб мешавад, х,ар нозир, коргар, точир, хукукдон, вазир, охангар. дехкон. муаллим, духтур, рузноманигор ва дигару дигархо хакку хукуки гуфтан ва навиштан доранд, онхо одамони чаъмияти Точикистон хастанд, албатта аз руи моддахои сарконун!!!!!!!!

Оё ин Одинаев дар Точикистон зиндаги дорад оё намедонад,ки зиёда аз миллион точик дар ватани бегона сарсону саргардонанд агар вайхо сум равон накунанд бадмебинем Точикистон чихел тараки кардаст касе мега "Точикистон тенчай" ё курай ё аблах хозир як сухани рост бгу нигох кун чко мекунанд...

Мухлис
Бехтараш аз худ "Хумайрои нав" месохту сари хар чумлааш "бо шарофати чаноби оли" мегуфт, баъд матлабаш гуфти инхо "хонданибоб" мешуд? Хумайро дар акида озод аст, на ин ки зомби!

Одинаев хак мегуяд. Шумо Хумайрои азиз бояд вокеан «Ҳумайрои нав»-ро дар худ созед. Хумайрои наве, ки тавонад ба хама ноадолатихо чашм пушад, Хумайрои наве, ки ба авлоди шудани хукумат одат кунад, Хумайрои наве, ки хама конуншиканихои содиршуда аз тарафи мансабдорони давлатиро дида, тахаммул кунад ва овоз набарорад, Хумайрое, ки ба азобу шиканчаи мардум, гарибиву дарбадари, гадоиву оворагарди ва бехукукихои хамилатони худ чашм пушад. Хумайрое, ки чун миллионхо нафари дигар тарки ин "кишвари кучак" ва аллакай шахсишуда кунад. Хумайрои наве, ки надонад, ки фарзандашро бо кадом ихтисос хононад ва дар кучо ба кор монад. Хумайрое, ки танхо дар фикри ба мухочират фиристодани тифлаконаш бошад. Хумайрое, ки ба умеди зиндаги ва нафакаи шоиста дар фикри гирифтани шахрвандии давлати дигар будани харбиёни "ватандуст"-и кишвари худро дида, хомуш нишинад.
Агар Хумайрои азиз, шумо чунин Хумайрои нав созед, вокеан "Точикистони нав" бунёд мешавад, вале ба фикри ман номи ин Точикистони нав, на ТочикИстон, балки ТочикСитон хохад шуд.

yмар
Одинаев шумо бисер як човоби фачу лач навиштед!!хар журналисту точиру бо киро дар назар доред ?шумо бояд факат изхори назар кунед!!нимта Нон рохати чона ба хами точика мондиян факат !!миллати. Точика гуломаш кардед тарсуаш кардед фурухтедаш !наход як нафар агар хохад фикри нав андешаи нав ............шумо баринхо пайдо мешавадухатман аз чанги бародаркуш ед карда муттахам мекунад !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)