Бозии “Равшан”-у “Ал-Ярмук Ал-Равда”-ро "Металург" мизбонӣ мекунад
Дидори тими “Равшан”-и Кӯлоб ва дастаи “Ал-Ярмук Ал-Равда”-и Яман дар доираи даври плей-оффи Ҷоми АФК-2014 дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии “Равшан” хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ин тасмим аз сӯи намояндаҳои комиссияи АФК гирифта шудааст. Варзишгоҳи “Равшан” ба меъёрҳои муқарраркардаи АФК мутобиқ нест. Қаблан, “Равшан” варзишгоҳи дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро барои баргузории ин дидор пешниҳод карда буд.
“Ҳaйати дастаи “Равшан”-и Кӯлоб таҳти сармураббии бошгоҳ, Маъруф Рустамов рӯзи 14-уми январ дар меҳмонхонаи “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода ҷамъ шуда, тамоми тамрину омодагиҳои худро дар шаҳри Турсунзода мегузаронад. Соломон Течи, Мӯсо Содиқ ва Аккуфо Гершон ки дар таътил қарор доштанд, фардо ба Тоҷикистон бармегарданд”,-хабар додааст манбаъ.
Дидори “Равшан”-и Кӯлоб ва “Ал-Ярмук Ал-Равда”-и Яман 2 феврали соли равон соати 13:00 шурӯъ мешавад.
Сардовари бозӣ Моҳд Амирул Изван Бин Ёқуб аз Малайзия буда, масъулияти доварӣ бар души Моҳд Сабрӣ Бин Мат Довудӣ ва Азман Бин Исмоилист.
Комиссари бозӣ Равишанкар Ҷаяраман аз Ҳиндустон ва нозири доварон Масъуд Иноят аз Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин гаридааст. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |