Мирбобоев: Ришваситонӣ дар донишгоҳҳо нест мешавад
Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон, изҳори боварӣ намуд, ки имсол бо фаъол шудани Маркази миллии тестӣ ришваситонию тағобозӣ ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳо рӯй ба нестӣ меорад.
Мирбобоев дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, тибқи низоми нав сабти довталаб, рафти имтиҳон ва эълони натиҷа тариқи автоматӣ сурат мегирад ва имкони шиносбозию фасод мавҷуд надорад.
Муовини вазир афзуд, ки имтиҳони довталабон дар 20 нуқтаи кишвар ҳамзамон шуруъ шуда, дар як рӯз сурат мегирад.
“Маркази миллии тестӣ” (ММТ)-ро 20-уми декабри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар хиёбони Рӯдакии Душанбе ифтитоҳ карда, онро қадами ҷиддӣ дар пешрафти маорифи кишвар арзёбӣ намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |