Интиқоди Қосимов аз ҷалби нолоиқҳо ба мансабҳои давлатӣ
Грез Қосимов, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 14-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз ношаффоф баргузор шудани озмунҳо барои кор дар дар бархе аз ниҳодҳои давлатӣ интиқод кард.
Қосимов иброз дошт, ки соли гузашта зимни санҷишҳо чунин ҳолатҳоро муайян кардаанд ва аз ҷумла озмуни Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро мисол овард. Ӯ афзуд, ки баъди дахолати Агентии хизмати давлатӣ озмун дар Хадамоти муҳоҷират такроран гузаронда шуд.
Грез Қосимов афзуд, ки соли 2013 барои 2 ҳазору 694 мансаби холӣ бо иштироки 2 ҳазору 920 довталаб озмун гузаронида шуд: “Ҳамагӣ 1971 нафар барои ишғоли мансабҳои холии давлатӣ тавсия гирифтанд. Ба қавли номбурда, 949 довталаб аз сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи тахассусӣ аз озмун нагузаштанд.”
Агентии хизмати давлатӣ мегӯяд, соли 2013-ум 3 ҳазору 362 нафар хизматчии давлатӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуда, муайян гардид, ки 176 нафар хизматчиёни давлатӣ ба вазифаи ишғолнамудаашон мувофиқ нестанд: “Аз ин шумора 150 нафар барои такмили ихтисос, 11 нафар ба азнавтайёркунии касбӣ, 15 нафар барои таъин ба мансаби пасттар ва 7 нафар хизматчиёни давлатӣ аз мансаби ишғолнамуда озод шуданд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |