Шанбе, 5 Апрел 2025
Фурудгоҳи Душанбе дубора фаъол шуд
Масъулини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯянд, айни ҳол вазъи боду ҳаво муътадил гардида, парвозу нишасти тайёраҳо баъди танаффуси чандсоата аз сар гирифта шуд.
Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз зуҳри имрӯз, 14-уми январ фурудгоҳ қабулу гусели тайёраҳоро оғоз кард: “Аллакай тайёраҳоро ба самти Русия қабулу гусел карда истодаем. Фаъолияти фурудгоҳ аз рӯи реҷаи муқарраршуда дубора оғоз гардид.”
Ин дар ҳолест, ки аз соати 19:00 санаи 13 январ фазои фурудгоҳи Душанберо тумани зич фаро гирифта, боиси ворид намудани тағйирот дар ҷадвали парвозҳо шуда буд. Ба далели туман бархе аз тайёраҳо дар фурудгоҳҳои Хуҷанду Тошканд фуруд омада, қисмате вақти парвозашонро аз шаҳрҳои Русия ба Душанбе ба таъхир гузоштанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |