Боқӣ мондани 169 донишҷӯи тоҷик дар кишварҳои исломӣ
Кумитаи дин ва танзими расму оини Тоҷикистон шумораи боқимондаи донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои исломиро 169 нафар хонд.
Абдураҳим Холиқов, раиси ин ниҳод рӯзи 14 январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, то имрӯз 2 ҳазору 705 шаҳварнди Тоҷикистон, ки ба кишварҳои хориҷ барои таълимоти динӣ сафар карда буданд, ба ватан оварда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ гуфта буд, ба далели ноамниҳо дар кишварҳои Араб танҳо дар соли 2013, 200 донишҷӯи тоҷик бозпас ба Ватан оварда шуда, ба далели тағйироти кадрӣ дар Эрон ирсоли донишҷӯён ба ин кишвар низ муваққатан қатъ шудааст.
Амрохон Алиев, мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти хабарие чунин иброз дошт: “Мо қариб бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон инчунин бо кишварҳои араб гуфтушунид ва муносибатҳои хуб дорем. Аммо ягона талаботи Вазорати маориф ин аст, ки агар дар он кишварҳо оромӣ бошад ва амнияти шаҳрвандони моро таъмин карда тавонанд. Дар ҳамин сурат мо омода ҳастем, ки донишҷӯёнамонро ба онҷо фиристонем”.
Алиев илова кард, ки Вазорати маориф бо Эрон шартнома дошта, ҳамасола зиёда аз 250 нафар барои таҳсил ба курсҳои гуногун фиристода мешаванд: "Ягон мушкил байни ин ду кишвар нест. Барои тағйироти кадрие, ки ахиран дар Эрон сурат гирифт, ҷониби Эрон фиристодани донишҷӯёни худ ва қабули донишҷӯёни моро ба таъхир гузошт.” Ин масъули маориф гуфт, аллакай зиёда аз 300 нафар довталабони тоҷик ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд ва мунтазири омадани намояндагони Эрон мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |