Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон барои ташкили як намоишгоҳи байналмилалӣ дар Душанбе пешниҳоди давлати Қувайтро пазируфт.
Имконияти баргузории ин намоишгоҳ, зимни як ҳамойиши вижа дар пойтахт баррасӣ гардид. Дар ин конфронс Саид Шариф, раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Муҳаммад Ал-Асбонӣ, менеҷери ширкати «Ashkanani Group» (Қувайт) ва Раҳимҷон Носиров, консули генералии Тоҷикистон дар Дубай ширкат доштанд. Ба иттиллои маркази матбуотии палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар ин мулоқот аз ҷониби намояндагони Қувайт гуфта шуд, ки бисёр ширкатҳои Қувайт барои ҳамкорӣ намудан бо бахши тиҷорати Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд доранд. Ҷониби Тоҷикистон низ барои баргузори намоишгоҳҳои байналмилалии Қувайт дар Тоҷикистон изҳор намуданд, ки омода ҳастанд барои ташкили чунин як намоишгоҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон.
Саид Шариф, раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иброз намуд, ки дар доираи ин намоишгоҳ ташкили бизнес-форуми Тоҷикистону Қувайт дар назар аст. Дар ин нишаст намояндагони Қувайт қайд намуданд, ки ширкати «Ashkanani Group» барои таъмини қувваи корӣ дар коргоҳҳои Қувайт ва барои ҳамешагӣ ба корҳои нигаҳдориву тандурустӣ машғул мебошад. Ин ширкат ҳоло ду мулоқоти бомуваффақият- яке дар вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва дигаре дар хадамоти муҳоҷирати назди хукумати Тоҷикистон ба анҷом расонидааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр