ВИДЕО: 482 хизматчии давлатии нафақахӯр ҷойро холӣ накардаанд
Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳолати аввали соли равон дар кишвар беш аз 18 ҳазору 700 нафар хизматчии давлатӣ ба кор фаро гирифта шудаанд, ки 23,4 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Грез Қосимов, муовини сардори Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон, имрӯз, 14-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, феълан миёни хизматчиёни давлатӣ 482 нафарашон нафақахӯр мебошанд. Ӯ афзуд, ки соли гузашта 94 хизматчии давлатиро ба нафақа гусел карда, муҳлати хизмати 81 нафар тамдид карда шуд. Қосимов дар шарҳи тамдиди муҳлати фаъолияти бархе аз нафақахӯрон гуфт, ин дар асоси аризаи худи онҳо ва мавҷудиёти эҳтиёҷ ба корашон сурат гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон аввали соли гузашта ба ниҳодҳои давлатӣ супориш дода буд, ки кормандони нафақахӯрро гусел кунанду ҷавононро ба ҷои кор таъмин созанд.
Дар ҳамин ҳол Қосимов таъкид кард, ки ҷалби ҷавонон ба хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон майли афзоиш дорад. Ӯ теъдоди ҷавононро миёни хизматчиёни давлатӣ 40,9 дарсад арзёбӣ намуд. Дар мавриди маоши хизматчиёни давлатӣ Қосимов таъкид кард, ки тайи соли гузашта ҳаҷми он ҳудуди 15-20 дарсад боло рафта, феълан ба ҳисоби миёна 995 сомониро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |