Туман дигарбора кори фурудгоҳи Душанберо халалдор кард
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, ба далели фаромадани туман қабулу гусели тайёраҳо дар пойтахт ба таъхир гузошта шудааст.
Тибқи иттилои Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз соати 19:00 санаи 13 январ фазои фурудгоҳи Душанберо тумани зич фаро гирифта, боиси ворид намудани тағйирот дар ҷадвали парвозҳо гардид. Ӯ гуфт, ҳарчанд фурудгоҳи Душанбе барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо пурра омода аст, аммо нишастани ҳавопаймоҳо бо қарори сарнишинони ҳавопаймоҳо сурат мегирад.
Ӯ афзуд, ба далели туман бархе аз тайёраҳо дар фурудгоҳҳои Хуҷанду Тошканд фуруд омада, қисмате вақти парвозашонро аз шаҳрҳои Русия ба Душанбе ба таъхир гузоштанд.
Дар ҳамин ҳол бино ба иттилои ҳавосанҷҳо тумани ғафс дар фазои фурудгоҳи Душанбе эҳтимол то соатҳои 10-11 боқӣ монад. Масъулини фурудгоҳ мегӯянд, бо барканор рафтани туман қабул ва парвози ҳавопаймоҳо шурўъ хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |