Шӯрои адлия дар бораи мустақилияти додрасҳо ва қазияи Зайд Саидов

Масъулони Шӯрои адлияи Тоҷикистон рӯзи 13 январ аз додрасҳои кишвар даъват карданд, ки дар фаъолияти рӯзмарраи худ мустақил бошанд.
Зафар Азизов, раиси Шӯрои адлия, дар ҷараёни нишасти хабарии худ дар Душанбе гуфт, тамоми фаъолияти давлат ва ниҳодҳои масъул ба он равона гардидааст, ки дар асл мустақилияти додрасҳо (судяҳо) дар Тоҷикистон таъмин карда шавад. “Баланд бардоштани маош, муҳайё кардани шароити корӣ, рушди касбияти судяҳо, гузарондани омӯзишҳо, зиёд кардани муҳлати ваколати судяҳо ва дигар шароитҳое муҳайё шудаанд, ки судяҳо дар фаъолияти худ мустақил бошанду барои дахолат кардан ба кори онҳо имконият дода нашавад. Барои дахолат намудан ба кори судяҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ низ пешбинӣ шудааст”,-афзуд оқои Азизов.
Раиси Шӯрои адлия дар мавриди ҳукми 26 соли зиндон барои соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон Зайд Саидов гуфт, дар бораи то куҷо сиёсӣ ва супоришӣ будани ҳукми Саидов маълумоти дақиқ надорад: “Нафари маҳкумшуда ва вакилони мудофеаш ҳақ доранд, фикри худрро доир ба ҳукми додгоҳ баён намуда, ба зинаҳои болоӣ муроҷиат намоянд. Ин масъала аз ҷониби зинаҳои болоии додгоҳ ҳатман баҳо дода мешавад. Чунин мафҳум, яъне хукми супоришӣ ва парвандаи сиёсӣ дар давоми 17 соли фаъолияте, ки мо доштем, набуд”.
Ин дар ҳолест, ки баъд аз содир шудани ҳукми 26 соли зиндон барои Зайд Саидов, бархе аз ҳуқуқшиносон онро супоришӣ хонда, иброз доштанд, ки чунин ҳукм бори дигар собит сохт, ки дар Тоҷикистон додрасҳо мустақил набуда, пойбанди мақомот мебошанд. Аммо Зафар Азизов бо таваҷҷӯҳ ба савганде, ки додрасҳо қабл аз шурӯи фаъолияташон ёд мекунанд, гуфт, бояд онҳо ҳамеша адолати додгоҳиро риоя намуда, пойбанди касе набошанд.
Раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон афзуд, соли 2013 аз ҷониби додрасҳои чумҳурӣ 127 ҳазору 526 парвандаи ҷиноӣ, гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ, пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ баррасӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 128 зиёд будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |