Коҳиши ҳукмҳои сафед ва қаллобии додрасҳо дар соли 2013
Зафар Азизов, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон, имрӯз, 13-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз коҳиши ҳукмҳои сафед ва қаллобии додрасҳо дар кишвар хабар дод.
Азизов гуфт, тайи соли 2013 нисбати Иброҳимов Ҳазратулло, муовини раиси суди вилояти Бадахшон, Муродҷон Соҳибов, додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, Дилшод Рафиев, додраси Бобоҷон Ғафуров, Тешаев. Ш додраси Ваҳдат ва Алимов додраси додгоҳи ноҳияи Нурообод бештар бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд.
Раиси Шӯрои адлия илова намуд, ки дар ин давра Бобобеков, додраси Додгоҳи Панҷакаент барои рафторе, ки ба қадру номуси додрас доғ мерсонад, аз мақомаш озод карда шуд. Ҳамчунин ба қавли ӯ дар соли гузашта 5 судя бо хоҳиши худ, 1 нафар барои ба вазифаи дигар гузаштан, 2 нафар бо сабаби ба нафақа баромадан, 1 нафар бино бар вафот ва 1 нафар барои анҷоми ваколаташ аз вазифаашон озод гардиданд.
Азизов афзуд, ки барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти корӣ нисбат ба 11 додрас дар соли 2013 ҷазои интизомӣ татбиқ гардид.
Инчунин раиси Шӯрои адлия таъкид намуд, ки соли гузашта нисбати 12 нафар 7 ҳукми сафед содир шудааст, ки дар муқоиса бо соли пешӣ камтар мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |