“Истиқлол” барои мавсими 2014 омодагӣ мебинад
Тими “Истиқлол”-и Душанбе ба тамринҳо ҷиҳати омодагӣ ба мавсими нави футбол шурӯъ кардааст.
Имрӯз, 13 январ қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон оид ба футбол ба давраҳои тамринӣ барои омодагӣ ба мусобиқаи футболи кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ шурӯъ кардааст. Мавсими нав аз моҳи апрел оғоз мешавад.
Тамринҳо дар майдони сунъӣ оғоз шуда, на ҳамаи бозигарони “Истиқлол” дар он иштирок доранд. “Дарвозабон Алишер Туйчиев ва легионерҳо рӯзҳои наздик ба он мепайвандад”,-хабар медиҳад, торнамои расмии даста.
Ҷои тазаккур аст, ки ахиран, “Истиқлол” бо Дэвид Мауто, легионери ганагӣ, ки ду мавсими ахир дар ҳайати “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ мекард, қарордоди яксолаи ҳамкорӣ баст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |