Бахшҳо

“Лолаи сиёҳ”-и Бозор Собир ва cоядасти ӯ ба Эмомалӣ Раҳмон

Маҷмӯаи нави шеърҳои Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки дар нимаи дувуми соли гузашта барои иқомати доимӣ аз Амрико ба Ватан баргашт, таҳти унвони “Лолаи сиёҳ” ба нашр расидааст.

Дар ин маҷмӯаи Бозор Собир, ки авохири соли гузашта нашр ва дастраси ҳаводоронаш гардидааст, шеърҳои кӯҳнаву нави ӯ гирдоварӣ шудаанд. Дар “Лолаи сиёҳ” аз ҷумла, шеъри Бозор Собир дар ҳаққи раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳти унвони “Соядасте ба президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” шомил карда шудааст.

Бозор Собир аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеърии ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.

Оқои Собир баъд аз 19 соли муҳоҷират дар Русияву Амрико, нимаи дувуми соли гузашта, ба кишвар омад ва ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, зиндагӣ мекунад. Вай соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар оғози солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳи кишвар буд.

Ӯ ягона шоире дониста мешуд, ки дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин дар васфи раҳбаронаш шеъре нагуфта. Вале баъд аз мустақилияти Тоҷикистон ва ҳиҷраташ ба Маскаву Амрико, ӯ низоми демократиро зери бори танқид гирифта, қисмати зиёди шеърҳояшро барои Ленину Сталин ва низоми Шӯравӣ бахшид. Ҳатто дар яке аз шеърҳояш, ки дар маҷмӯаи "Лолаи сиёҳ" нашр шудааст, Бозор Собир мухолифати худ барои тағйири номи Ленинободи собиқ ба Хуҷандро баён доштааст.
Мӯҳр
Tojik
shoiri darbori - jahonkhurdavu solkhurda!

малик
аз аввал то охир эчодиети ин на вазн дораду на кофия.

Шариф
Шоири бузург ва нотакрор! ифтихори миллат.

шахид
Ин муйсафед бори охири рафтанаш ба америка гуфта буд мурдани меравад алвидоъгуён онхам сафсатагуён баромада рафт чи чизое ки нагуфт,холо бошад мазза кадаа лаганд бардори када гаштаст.....худоё тавба

Редаксия мӯҳтарам!
Ман медонам, ки ин навиштаи манро аз тарс мисли навиштаҳои пештараам нашр намекунед!
Аммо ман гуфтаму ва хоҳам гуфт! Мумин маъмури саҳифаро виҷдонаш азоб диҳаду ин тақризи манро ба нашр расонад!

Аввал ин ки ин Бозор он Бозори солҳои навадум нест! Он Бозор кайҳо мурдааст! ва дигар ҳеҷ гоҳ ин Бозор соҳиби обрӯю эҳтироми инмиллату ин Ватан нахоҳад шуд!
Бозори солҳои навадум Бозори озодандеш, Бозори ҳақхоҳ, Бозори миллатдӯст, Бозори демократ, Бозори андешаю омоли миллоат буд, ки кайҳо барои ин милаати ҷафопеша мурдааст!

Имрӯз мо Бозори беор, Бозори бе дину бе худою бе имон, Бозори дарборию девонаю хаёлиро мебинем
Ҷои ӯ дигар Тоҷикистон нест!

Tojik
Dar muqobai kitob surati kafi dast, ki guli siyohi lolaro doshtast. Man avval khayol kardam in surati Bozor Sobir bo muylabi siyohu muyi sari surkh kashida shudast.

Маликушуарои дарбори
Бозори азиз! Ин ном ба кирдорат хеле мувофик шудааст.


нодон
Ҳақхоҳ Шумо чи мехохед аз муйсафеди 80-сола, шарм кунед дускушони душманпарвар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)