Бахшҳо
13 янв 2014 11:42Тоҷикистон / Сиёсат

Масъулони МТС дар бораи тирпаронӣ, Бадахшони Бузург ва эҳтимоли ноамнӣ

Худойбердӣ Холиқназаров, раиси навтаъини Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 13 январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз эҳтимол дур нест, ки дар шиддат ёфтани баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон тарафи сеюм даст дорад.

Холиқназаров бо таъкиди ин масъала афзуд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ аз дахолати тарафи сеюм барои шиддат додани баҳсҳои ду тараф зиёд кор бурда мешавад ва, аз ин рӯ, ҷонибҳоро ба эҳтиёткорӣ хонд. Ӯ, инчунин, аз иғвоангезии бархе расонаҳои минтақаӣ дар мавриди марзи Тоҷикистону Қирғизистон интиқод намуда, гуфт, ин кор на ба нафъи Тоҷикистон асту на ба нафъи Қирғизистон.

Раиси нави Маркази тадқиқоти стратегӣ он иддаоро, ки мақомоти тоҷик дар баробари баҳсҳои марзӣ сукутро ихтиёр мекунанду он гӯиё аломати ризост, беасос донист. Ба гуфтаи вай, сукут як навъ дипломатияи олист ва илова намуд, ки аз зиёд шудани изҳорот сари як масъала вазни он гум мешавад. Холиқназаров зарур хонд, то ҳар гуна баҳс дар навоҳии наздимарзӣ бояд муштаракан баррасӣ шавад.

Раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, дар бораи бархе аз созмонҳо, ки эҳтимоли сар задани ноамниро дар соли 2014 дар Тоҷикистон пешгӯӣ кардаанд, изҳори назар кард ва гуфт, "ин танҳо як пешгӯӣ аст, ки аксаран поя надорад".

Зимни нишаст инчунин Сайфулло Сафаров, муовини раиси МТС бори дигар таъйид намуд, ки нақшаи ташкили давлати Бадахшони Бузург ҷой дорад ва афзуд, аммо ин нақша ба Тоҷикистон ҳеч рабте надорад: “Вазъ дар Бадахшони Тоҷикистон муътадил аст ва интихоботи президентии ахир бори дигар инро нишон дод.” Сафаров илова намуд, дар нишасти гузашта низ вақте аз ниятҳои таъсиси давлати алоҳидаи Бадахшони Бузург суҳбат мекард, Бадахшони Тоҷикистонро дар назар надошт ва танҳо бардошташро аз як ҳамоиш баён дошт, ки ба Бадахшони Афғонистон рабт дорад.

Мӯҳр
Дафъаи гузашта Сафаров аник дар бораи Бадахшони Точикистон гуфта буд, ин дафъа аз тарси раиси наваш назарашро ба Бадахшони Афгонистон бурд. Бори дигар ба назарам мегуяд, ки ман Сарикул ва Бадахшони Хитойро мегуфтам. Хех, канд занед тахлилгарону стротегхои хукумати демокроси, хукукбунёд, дуняви ва ягонаи ТОЧИКИСТОН

Ba Safarov
Az Ajdahori Osioi bitars! BE Badakhshoni Tojikiston, Badakhshoni Buzurg-ro tashkil kardan ma'noe nadorad! kitob khoned, ustoz kitob!

ana gaphoi Sayfullo Safarov ki dar in masala dafai pesh gufta budand aynan ovarda meshavand: "Аз сабаби он ки дар он нишаст намояндагони расонаҳо низ ширкат доштанду ин гап баромад, мо ҳам ин гапро мегӯем. Намояндаи Маркази зиддитеррористӣ дар асоси маълумоти дар даст доштааш гуфт, нақшаҳое ҳаст, ки дар Осиёи Миёна ду давлати нав бояд пайдо шавад. Яке Бадахшони бузург дар якҷоя кардани Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон ва дигаре дар Фарғона”,-афзуд ӯ.
Sharmanda shudan darkor Sayfulloev, sharmanda.... To ba kay shumo hukumatdoron duruyagi karda zindagi mekuned. dar in dunyo duruyagi kardan baroi shumo yagon kas man namukunad lekin dar u dunyo chi?

одам
Ягон кувваи сеюм гуфтани нест. Ин чанчол барои замину об аст ки аз даврони шурави давом дорад. Чи хел стратег шумо ман нафахмидам.

Исфара
кувваи сеюм ин як гапи умуми аст, ки солхои 90 асри гузашта дар майнаи Холикназаруф накш бастааст, ин чо гап дар бораи номуси давлатдори ва хифзи тамомияти арзи меравад, ки солхост, ки рохи хал пайдо накардаанд, вазъиятро намефахмед, аккалан халал нарасонед, акочони азиз!

Бадахшонӣ
Мӯҳтарам Сайфулло Сафаров, Шумо барин "стратег" дар байни миллати тоҷик фақат ҷудоиандозӣ мекунед, на аз ин беш. На Алоҳазрат Оғохон ва на мардуми шарифи Бадахшон ягон нияти ташкилкунии давлати алоҳида надоранд ин фақат тахаюлоти Шумо аст. Бадахшон қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони азиз буд, ҳаст ва мемонад.

стратег
Бо ин хел стратегхое ки мо дорем Худо медона окибаташ чи мешуда бошад ин давлата.

Ором, ором, СС гап мезана, оромона хамара сарша гаранг мена, ай Самарканду Бухоро, ба Бадахшони Афгонистон часпидан.И стратег боша ма шофир-космонавт.А занбури бе асал- чи амал.

ээээ дежурное слово....биёед хамаи мусибатомона ба кувваи сеюм авола кунем барое ки ихел кувва тамоман ку нест...и сафарова бинен бехаё дар тамоми чахон пешгуияш кати худакаша шарманда каду бо курсии азизша хам ай даст дод ееее

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)