Саидов дар бораи лағви баҳои “5” ва худкушии 79 ноболиғ
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасмим гирифтааст, баҳои панҷро, ки барои хонандаҳои аълохон дар макотиби миёна гузошта мешуд, аз байн бурда, ба ҷояш баҳогузории 100-холаро таъин кунад. Дар ин бора Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илм, дар ҷаласаи солонаи Вазорати маориф хабар дода, гуфтааст, “Академияи таҳсилот зарурати ба баҳогузории 100-хола гузаштанро бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои мутамаддин тасдиқ намуд.”
Вай афзудааст, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф бояд роҳҳои гузариш ба низоми нави баҳогузориро дар муассисаҳои таҳсилоти миёна таҳқиқ карда, баъдан аз натиҷааш ба вазири маориф ва илм хабар диҳад. Оқои Саидов дар идома дар бораи ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ сӯҳбат кардааст. Вай гуфтааст, ҳарчанд дар ин замина санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таълимию методӣ қабул гардидаанд, вале дар Тоҷикистон ҳанӯз норасоии омӯзгорон, барнома ва маводи таълимии ёрирасон, муҳайё намудани шароити таълимӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд вуҷуд дорад.
Вазири маориф дар ҷаласаи солонаи ниҳодаш аз таҳсил дур мондани хонандагон, бахусус духтаронро, яке дигар аз мушкилоти асосӣ донистааст. Ба қавли ӯ, тафтиши онҳо маълум карда, ки “яке аз омилҳои аз мактаб дур мондани хонандагон ин дур будани муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ аз ҷои зисти хонандагон мебошад”. “Дар ин самт 25 июли соли 2013 ҷиҳати ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ табдил додани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба унвони раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактуб фиристодам”,-афзудааст ӯ.
Ба қавли вазир, давоми 11 моҳи соли гузашта аз ҷониби ноболиғон 682 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 137 ҷиноят (25,14 %) бештар аст. Инчунин, ба иттилои ӯ, тайи 11 моҳ 79 ноболиғ худкушӣ кардаанд, ки 40 нафарашон духтарон ва 39 нафарашон писар мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |