Ҷавоби Кишварзода, муовини додситони кул, ба Кабирӣ
Додситонии кулл ба номаи Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҷавоб навишта, овозаҳо дар мавриди шиканҷа шудани аъзои боздоштшудаи ҳизбашро рад кардааст. Раиси ҲНИТ қаблан бо ирсоли як нома ба унвони ин ниҳод аз шиканҷа шудани Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов, ду узви боздоштшудаи ин ҳизб дар Исфара, шикоят карда, ибрози ташвиш намуда буд.
Дар посухи Додситонии кулли Тоҷикистон ба раиси ҲНИТ, ки бо имзои Кишварзода, муовини аввали додситони кулл ирсол гардидааст, аз ҷумла омадааст: “Дар рафти санҷиши ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ва усулҳои ғайриқонунӣ аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуҳуқи ноҳияи Исфара ҳангоми боздошт ва тафтиши пешакии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Тоҷиев ва Иброҳимов ошкор карда нашудааст.”
Ин ниҳод мегӯяд, чунин шикоятеро низ аз ҷониби вакилони мудофеи афроди боздоштшуда дастрас кардааст. Вале аз сабаби ошкор нашудани ҳолатҳои қонуншиканӣ аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Исфара аз кушодани парвандаи ҷиноӣ худдорӣ мекунад.
Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов, ду сокини ноҳияи Исфара барои ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд нигаҳдорӣ мешаванд. Ин ду сокини ноҳияи Исфара авохири моҳи октябри соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт ва ба муддати 15 шабонарӯз ҳабс шуда буданд. Вале ҳанӯз қабл аз адои ин ҷазо, мақомоти қудратии вилояти Суғд ин ду узви ҲНИТ-ро ба ташкили гуруҳи ҷиноӣ ва ҳамкорӣ бо Ҷунбиши исломии Узбакистон айбдор намуда, ба ҳабс гирифтанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |