БМ қатъи кору бепулии банкоматҳоро ба бебарқӣ рабт дод

Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, шикояти сокинони кишварро дар мавриди набудани маблағи нақд дар банкоматҳои “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва “Амонатбонк”-ро тариқи телефони боварӣ дастрас карда, феълан онро ҳал намудаанд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Бонки Миллӣ баъди гирифтани шикояти сокинони шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб оид ба кор накардани банкоматҳо дар ҳамкорӣ бо кормандони масъули бонкҳои хизматгузор масъалаҳои бамиёномада бо андешидани чораҳои фаврӣ ҳал гардиданд: “Тавре маълум гардид, банкоматҳои мазкур бинобар сабаби қатъ шудани барқ ва нуқсони техникӣ муваққатан аз фаъолият бозмонда буданд, бо кӯшишҳои муштараки масъулин дар муддати аз як то якуним соат дубора фаъол гардонида шуданд.”
Дар ҳамин ҳол масъулини бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон низ тасдиқ намуданд, ки баъзан банкоматҳо дар аввали моҳ бепул мемонанд, зеро аксари маошу нафақагирон аввали моҳ маблағашонро мегиранд ва масъулини бонк баъзан саривақт наметавонанд банкоматҳоро бо маблағи нақд таъмин созанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |