Ҳушдори мақомоти тоҷик аз оғози санҷишҳои ҷои зист дар Русия
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти Русия аз моҳи январи соли равон санҷиши сабти муҳоҷирон дар “хонаҳои резинӣ”-ро оғоз карда ва бо ишора ба ин аз муҳоҷирони тоҷик хоҳиш кардааст, ки зимни бақайдгирӣ дар Русия боэҳтиёт бошанд.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи хадамот ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки санҷиши мақомот дар пайи амалишавии қонун «Дар бораи «Хонаҳои резинӣ» дар Русия, баъди анҷоми истироҳати солинавӣ шурӯъ шудааст.
Номбурда иброз дошт, ки қонуни мазкур барои мубориза бо сабти номи сохта ва ё санади нодуруст нисбати шаҳрвандони хориҷӣ таҳия шудааст: “Дар қонуни мазкур ҷазо барои шаҳрванди Русия ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳаҷми аз 100 ҳазор то 500 ҳазор рубл ҷарима, ё ба меҳнати маҷбурӣ на камтар аз 3 сол ё маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст”.
Манбаъ мегӯяд, чунин мушкилот бештар дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва манотиқи дигари Москва ва Ленинград, ки дар онҷо муҳоҷирони тоҷик зиёданд, ба назар мерасад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, Хадамоти муҳоҷират аз муҳоҷирони тоҷик хоҳиш менамояд, ки қонунгузориҳои нави Русияро риоя намуда, пеш аз ба қайд гузоштан дар «хонаҳои резинӣ» аз шӯъбаҳои бақайдгирии Хадамоти муҳоҷирати федералии Русия маълумоти заруриро дарёфт намуда, баъдан худро дар қайд гузоранд ва аз миёнаравҳо ва қаллобоне, ки бо корҳои сиёҳ машғуланд, канораҷӯӣ намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |