9-уми августи соли 2007, расо соати 8-и субҳ нахустин барномаи хабарии радиои тозатаъсиси мавсум ба «Имрӯз» рӯйи мавҷи 107,4 FM дар фазои Душанбе пахш гардид.
Радиои «Имрӯз» расонаи сирф миллӣ буда, ҳама барномаҳояш бо забони тоҷикӣ таҳия ва пахш мешаванд. Тӯли чор соли фаъолият дар фазои иттиллотии кишвар ин расона тавонист, муштариёни зиёдро пайдо кунад. Гузоришу таҳлил ва мавзӯъҳои интиқодии баррасишаванда дар радиои «Имрӯз» бойиси ду маротиба қатъ гардидани пахши барномаҳои он гаштанд. Муассиси ин расона ширкати «Ориёно-Медиа» буда, ба ҷуз ин як радиои дигар бо номи радиои «Ориёно» бо забони русӣ барнома пешниҳод мекунад.{jathumbnail off}
Мӯҳр