Бо идомаи саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарони зиддидавлатӣ дар Сурия, Кувайт сафирашро аз он кишвар бозпас хонд.
Тибқи иттиллои расонаҳо Муҳаммадсалом ал-Сабоҳ, вазири умури хориҷаи Кувайт гуфтааст, «сафирро имрӯз барои машварат фаро хонданд , хунрезӣ дар Сурия барои касе қобили қабул нест.”
Арабистони Саудӣ ҳам рӯзи якшанбе сафирашро аз Димишқ фаро хонд ва амалкардҳои Сурияро "ғайриқобили қабул" хонд. Дар баёнияи Шоҳ Абдуллоҳ, ки дар телевизиони давлатии Арабистони Саудӣ хонда шуд, омадааст: "Мақомоти Сурия қодиранд, ки ислоҳоти сареъ ва фарогир анҷом диҳанд. Ояндаи Сурия ба ду интихоб вобаста аст, яке интихоби иродаи худ ва ё фурӯ рафтан ба умқи бебандуборӣ ва талафот." Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ, аз замони шурӯъи қиёмҳои мардумӣ дар Сурия сар аз моҳи март то кунун 1700 нафар кушта шудаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр