Қатъи фаъолияти "Роҳи оҳан"-и Бобак Занҷонӣ

Масъулони тими футболи “Роҳи оҳан”-и Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшуда дар Эрон, мегӯянд, бо мушкилоти молӣ рӯбарӯ шуда, муваққатан фаъолияташонро боз доштаанд.
Рустам Зандӣ, сарпарасти тими футболи “Роҳи оҳан”, гуфтааст, фаъолияти ин тим ба далели мушкилоти молӣ то мушаххас шудани вазъияти соҳибаш - Бобак Занҷонӣ қатъ мегардад. Ба қавли Зандӣ, қатъи фаъолияти ин тим муваққатист ва дар сурати дарёфти маблағ корро аз сар хоҳанд гирифт.
Ӯ бар ин аст, ки дар масъалаи боздошти Бобак Занҷонӣ нофаҳмиҳое ба миён омадааст ва базудӣ ҳалли худро меёбад: “Занҷонӣ барои Эрон бисёр корҳои хуберо анҷом додааст ва мақомоти кишвар ин масъаларо ҳатман ба инобат гирифта, зудтар дар бораи тақдири ӯ тасмим хоҳанд гирифт.”
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, асри 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Занҷонӣ миллардери эронист, ки ба қавли худаш дорои беш аз 70 ширкат, аз ҷумла “Аввалин бонки сармоягузори исломӣ” дар Малайзия, саҳмдори ширкати ҳавопаймоии “Анур” дар Туркия ва “КонтБонк” дар Тоҷикистон, мебошад.
Ҳоло мақотми Эрон мегӯянд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси ҳақиқӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро рад кардааст. Дар акс: Бобак Занҷонӣ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи терминали Осиё Экспресс; баҳори соли 2013 Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |