Дуздии компютерҳои тақдимкардаи президент дар Данғара
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо иттиҳоми дуздии ду компютер аз мактаб дар Данғара ду сокини ҷавони ин ноҳия боздошт шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дастгиршудагон Қосимов Комилҷони 23-сола ва Ғаниев Наврӯзи 21-сола моҳи декабри соли 2013 бо тариқи шикастани қулфи дар вориди мактаби таҳсилоти умумии №56-и ноҳияи Данғара шуда, аз онҷо 2 адад протсессор ва 2 адад компютерро, ки арзишашон 4000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
ВКД мегӯяд аз дастгиршудагон далели шайъӣ гирифта шуда, нисбаташон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид ва мавриди тафтиш қарор дорад.
Ин дуздии компютерҳо дар ҳолест, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тамоми макотиби миёнаи кишвар бо компютерҳо таъмин гардиданд, ки бисёрашон аз ҳисоби фонди президент харидорӣ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |