Қонуни суғуртаи тиббӣ ё “пои дарозтар аз кӯрпа”
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 8-уми январ, бори дуввум ба далели норасоии маблағ муҳлати мавриди иҷро қарор гирифтани қонун “Дар бораи суғуртаи тиббӣ”-ро то соли 2017-ум тамдид кард.
Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон зимни муаррифии ин лоиҳа гуфт, ки барои амалисозиии ин санад маблағи кофӣ нест: “Буҷаи тандурустии Тоҷикистон 2,2 дарсади ММД буда, аз ин миён 80 ва ҳатто дар баъзе минтақаҳо то 90 фисади он барои музди меҳнати кормандони соҳа равона карда мешавад. Барои доруворӣ бошад умуман як маблағи ночиз мемонад”.
Нусратулло Салимов дар идома гуфт, ки ба далели камбуди молӣ, то имрӯз 85 дарсади бемориҳои СПИД, сил, вараҷа ва эмгузаронӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мешавад.
Вазири тандурустии кишвар афзуд, ки аз соли 2005 то имрӯз бо Вазорати молия оид ба татбиқи амалии қонуни суғуртаи тиббӣ ба мувофиқа нарасида, шакли нави пардохти хидмати тиббӣ ҳалли худро наёфтааст.
Дар ҳамин маврид Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумони Тоҷикистон гуфт, ки бори нахуст қонун “Дар бораи суғуртаи тиббӣ” соле қабл тамдид ёфта буд: “Ин бори дуввум аст. Саволе ба миён меояд, ки чаро, вақте лоиҳаи қонун аз тарафи субъекти қонунгузорӣ ба парлумон пешниҳод шудааст, заминаи ичтимоӣ ва иқтисодии амалӣ кардани он ба эътибор гирифта нашудааст? Кӣ кафолат медиҳад, ки қонун бори саввум тамдид нашавад ва оё воқеан дар соли 2017 амалӣ мешавад?, суол кард Муҳиддин Кабирӣ.
Дар ҷавоб ба ин Нусратулло Салимов гуфт, ки қонуни мазкур дар соли 2008 қабул шуда, то соли 2017 масъулин барои роҳандозии ин санад омода хоҳанд буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |