Хакери эронӣ доменҳои тоҷикии Google, Twitter ва Yahoo-ро шикастаст
Низоми сабти доменҳои Тоҷикистон - domain.tj аз ҷониби хакери эронӣ зери лақаби Mr.XHat шикаста шудааст.
Тавре “The Hacker News” иттилоъ медиҳад, дар натиҷа хакери эронӣ имкон пайдо кардааст, ки DNS-и доменҳои машҳур дар Тоҷикистон, аз ҷумла доменҳои Google , Twitter , Amazon ва Yahoo-ро вайрон кунад, ба саҳифаҳои корбарони ин доменҳо зараррасонҳо ирсол кунад.
Ба иттилои манбаъ Mr.Xhat бо истифода аз Directory Traversal, ба низоми сабт ва идораи доменҳо дар Тоҷикистон дастрасӣ пайдо карда, google.com.tj , yahoo.com.tj , twitter.com.tj ва amazon.com.tj-ро ба ихтиёр гирифтааст. Худи хакер гуфтааст, ки ӯ ҳатто ба MySQL, ки иттилоъ дар бораи муштариёнро дар бар мегирад, дастрасӣ пайдо кардааст. Гуфта мешавад, ки айни ҳол низоми мавриди ҳамлаи хакерӣ қароргирифта барқарор шудааст.
Ин дар ҳолест, ки озмоишгоҳи маъруфи “Касперский” дар раддабандии нави худ Тоҷикистонро ба даҳгонаи кишварҳои ҷаҳон ворид намудааст, ки аз ҳама зиёд ҳадафи вирусҳои компютерӣ қарор мегиранд.
Тибқи раддабандии нави Касперский дар соли 2013 ҳудуди 56,29 дарсади компютерҳо дар Озарбойҷон ҳадафи вирусҳои зараррасон қарор гирифтаанд: “Ин нишондод дар Қазоқистон 55,62%, Арманистон 54,92%, Русия-54,5%, Тоҷикистон-53,54%, Ветнам-50,34%, Молдова-47,2%, Белорус-47,08%, Украина-45,66% ва Қирғизистон 44,4 фоизро ташкил медиҳад.”
Ширкати амниятии Watch Guard Technologies ҳушдор додааст, ки дар соли нави 2014 ҳамлаҳои вирусӣ ва қаллобиҳо дар интернет афзоиш меёбанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |