Бахшҳо

Палав ё қурутоб? Вокунишҳо ба як хабари "Озодагон"

Як хабари торнамои “Озодагон” дар бораи баргузории “Иди қурутоб” дар посух ба барномаи “Орел и Решка” вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Бисёре аз хонандагони мо сари ин мавзӯъ баҳс карданд, ки оё қурутоб ғизои миллии тоҷикон аст, ё аз дигарон. Ҳоло ду номаи хонандагонро, ки яке аз номи Насибҷону дигаре аз тарафи Луқмон Бойматов ирсол шудааст, нашр мекунем.


НОМАИ НАСИБҶОН:

“Биёед, баҳси онро, ки қурутоб хӯроки миллӣ аст ва ё маҳаллӣ як сӯ гузорем... Ин ба бисёриҳо рӯшан аст, ки он хӯроки як маҳалли Тоҷикистони азизи мост ва бигзор он ҳам дар дастурхони мо бошад. Вале агар мо таоми миллӣ бигӯем, бояд ҷойгоҳи таомҳои тоҷикиро дуруст муайян карда, пас якеи онро чун таоми асосии миллӣ ба дигарон манзур созем.

Мо, хушбахтона, чандин чунин хӯрок дорем, вале машҳуртарин ва миллитарин хӯроки мо ҳамоно палав аст ва инро бояд ҳар як тоҷик бидонад! Палав хӯроки тамоми тоҷикони ҷаҳон аст--ҳам тоҷикони Тоҷикистону ҳам тоҷикони Узбакистон, ба шумули тоҷикони Самарқанду Бухоро (зимнан як намуди машҳур ва фарқкунандаи палав палави Самарқанд аст) ва дигар манотиқи Осиёи Миёна ва ҳам тоҷикони Хуросон (Афғонистон) ва тоҷикону форсизабонҳои Эрон...

Палавро чун хӯроки бас судманди мо Абӯали ибни Синои бузург ва Искандари Мақдунӣ ситоиш кардаанд. Барои ҳамин, ба хотири ин ки ин хӯроки хешро ҳам бо дастони хеш ба узбакҳо набахшем, бояд танҳо ин хӯрокро таблиғ кунем, на қурутобу дӯғобро... Зеро таблиғи қурутоб, ба вижа дар хориҷа, ин маънии ба ҷои поин фаровардани палав аст ва чунин бархӯрди мо хидмати хубе ба миллат нахоҳад шуд. Ман ин ҷо дигар хӯрокҳоямонро паст намезанам, вале воқеиятро бояд гуфт, ки палав хӯроки пурра тоҷикист, ки таърихи чандҳазорсола дорад ва имрӯз ҳам хӯроки асосии ҷашну маъракаҳои мардумиамон (хатнасур, ҷашнҳои мардумӣ, маъракаҳои шодиву ғам) палав аст.

Он нукта, ки узбакҳо палавро мехоҳанд хӯроки миллии худ бихонанд, ба воқеият дуруст намеояд. Онон палавпазиро аз мо, тоҷикон омӯхтаанд ва имрӯз дар Узбакистон хӯроки машҳур дониста шудани палав ҳам ба ин бастагӣ дорад, ки дар он ҷо ҳам палавпазҳои аслӣ тоҷиконанд ва онҳо барои дар байни дигар ақвоми турки (узбаку қазоқ ва қирғиз) ин ҷумҳурӣ ҳам паҳн гардидани палав сабабгор шудаанд. Аз ин нигоҳ, аз ҳамаи ҳаммиллатони гиромӣ хоҳиш дорам, ки дар ҳар ҷо палавро чун хӯроки шумораи аввали тоҷикӣ муаррифӣ кунед ва албатта, ҳар яки Шумо пӯхтани онро медонед, зеро мегӯянд, ки тоҷике, ки палав пухта наметавонад, тоҷики пурра нест...”

НОМАИ ЛУҚМОН БОЙМАТОВ:

“Бо арзи салом! Ин навор дақиқан бозгӯкунандаи сатҳи биниши таҳлилгарони сиёсии миллӣ аст. Аз будани ҳадафи хато, набудани он беҳтар аст. Аз таблиғи дурӯғин пазируфтани ростии талх беҳтар аст.

Ошкор аст, мақсади аслии ин навор - таблиғи «Қурутоб» ба унвони таоми мӯътабари миллӣ дар пеши миллатҳои ҷаҳон аст. Агар бародарамон Иззат Амон ва ҳаводорони эшон ба умқи масъала хуб мерасиданд, ҳаргиз иқдом ба ҳамчунин қасд намекарданд. Аз роҳи эҳсосот ва хӯи маҳалситезӣ будааст, ки иддае аз кӯтоҳназарон, хостанд, аз як ғизои содаи маҳаллӣ, таоми мӯътабари миллӣ бисозанд! Агар инон ҳатто як назари кӯтоҳе бар решаи номи ғизо мекарданд, бидуни шакк, чои тааммул бар сарашон холӣ мешуд!

«Қурутоб» дар асл аз ду вожа: «Қурт» (муғулӣ) ва «об» (тоҷики) сохта шуда ва асл он «Қурт ва об» аст. Оқои Изат! Инсофан бигӯед, кадоме аз ин ду вожа асли моҳияти ғизоро ташкил додааст? «Қурт»-и муғулӣ ё «об»-и тоҷикӣ-форсӣ?

Иззат Амон! Агар надонед, бояд бидонед, ки «Қуртуоб» аз ғизоҳои саридастии сарбозони муғулӣ буда ва муғулони саҳронавард, ба далели зиндагии кӯчӣ доштанашон, бахусус ҳангоми юриш ва ҳаракаташон аз як ҷо ба ҷои дигар қуртҳои зиёдеро дар кисаҳо ҳамл мекарданд ва ҳар гоҳ ки ниёз ба тағзия доштанд (дар ҳар ҷое, ки қарор доштанд) аз ҳал кардани қурт дар об тааммул мекарданд.

Ҷолиб ин ҷост ва донистанаш барои миллатдӯстон ҳам бад нест, ки дар тӯли таърихи беш аз 700 сол, ғизои «қуртоб» ҳаргиз дар феҳристи тағзия ва хӯроки шаҳрнишинон ва деҳнишинони тоҷикону эрониён ворид набуд. Аз ҳама муҳим, ашрофи ин минтақа, номи «қуртоб» ва ҳамчунин навъи хӯрокро аз ғизоҳои хосси рунуд ва муғулони кароуннос («муғулони сиёҳ» - номи таҳқирӣ барои муғул) медонистанд! Зимнан, суол ин аст, ки дар кадом феҳристи таърихӣ таомҳои миллӣ муҳимтарин шаҳрҳои ҳуввиятсози миллии Мовароуннаҳру Хуросон номи «қуртоб»-ро дидаед?

Иззат Амон! Медонам, нияти хубе доштед, вале агар каме бештар тааммул мекардед, дар феҳристи таомҳои миллии тоҷикон ва эрониён беҳтар ва асилтар аз қурутоб ғизоҳоро пайдо мекардед! Аммо бояд бидонем, мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он аст, ки аттор бигӯяд!

Бо орзуи барори кор, муаррих Луқмон Бойматов.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
вакф
Бовари дорам ки Иззат Амон дар ягон кишлок ба воя расидааст ва чахонбиниаш хеле танг аст. Расму ойини дехаи худро мехода хамчун расму ойини тамоми точикон муаррифи бикунад. Ана хамин гуна пешвоени нопухта расида мардуми точикро шарманда мекунанд. Гап мезани аз номи худат гап зан, аз номи тамоми точикон не. Хукуки аз номи тамоми точикон гап заданро надо заслужить. Самозванец.

ASLI
Хэй мардум. Чуноне, ки курутоб аз махал аст, ош низ чунин аст. Агар ба чунбтару гарбтари Точикистоно сафар кунед мефахмед, ки ош дар он чо он кадар машхур нест. Курутоб дар махалхои кухистони Точикистон машхур аст, зеро хуроки зимистона аст ва дар зимистон онро мехуранд. ин хурок дар чануби Точикистон, дар нохияхои тобеи марказ (Варзоб, Хисор, Файзобод, водии Рашт) нохияи Кухистони Масчох бисёр машхур аст. Хурок аз туркон нест. Чуноне мебинед, хурок дар маконхоест, ки аслан точикнишинанд. Бешубха хам палов ва хам дигар хурокхое, ки дар минтакахои дигари точикнишини Точикистон ва тамоми олам мавчуданд ба таомхои миллии Точик ворид мешаванд. Аммо ин боиси он наметавонад буда, ки агар хурок дар махали шумо набошад он точики нест.

Ба андешаи Луќмон Бойматов мувофиќ хастам. Дар мавриди ќурутоб, вакте ки рўзномаи "Адолат" тобистони соли 2003 муваќќатан њамагї се шумора ба табъ расида сипас дубора баста шуд, ман маќолае навишта онро «моли мардуми камбизоат» номида будам. Дар њамон маќола ман навишта будам, ки ќурутоб моли тољикон нест ва онро тољикони дењотии камбизоати мо бо сабаби ноилољї кабул кардаанд. Дар шањрњо, ки мардумонаш њамеша дастурхони серу пур доштанд, њатто дар замони шўравї, њаргиз ќурутоб истеъмол намекарданд, ќурутобро, эњтимол, њатто намедонистанд.

Салом ба дустони зираку доно. Ташаккур аз дустоне, ки захмат кашиданду асли калимаи КУРТУ - ОБ ро мушикофи карданд, вале хадафи аслии мо аз ин нишаст хос муаррифии курутоб набуд. Банда дар сухбатам инро кайд кардам. Мо мехостем дустони чавонамонро, ки имрузхо дар Руссия хеле парокандаанд чамъ оварем ва ин хам бахонаи хубе буд. Хуб мешуд дустон сари чамъоварии миллат фикр мекарданд, на курутоб. Бидонед, ки дар ин вазъе, ки мо карор дорем дар Руссия, чамъ овардани 2 нафар барои кадом коре хеле мушкил аст. Иллат чустан кори осонест, валек ислохи иллат амалест, ки кушишу гайрату мардонаги талаб мекунад. Бо сипос

Sulhi
Boymat chi mani doshta boshad? boyash tojiki matash uzbaki?

236
Курутоб таоми сирф мугуливу лакаи ва кунгуротист ва харгиз точики нест ва бивший сахронишинон ба чуз у чизеро намедонистанд.Умуман таом санъат мусика ва дигару дигархо сирф моли точики буд ва хаст.

Дигар кор надоред дар атрофи хурок бахс мекунед! Ба гуфтаи хамон шоир Илми башар дар фалак бол мезанад, Чавонони мо хануз дар хок бозианд!

Худоё ин чи бесони шармам меояд!
Охир Шашмакомро Узбако аз худ карданд...
Атласи точиконро аз худ карданд... (дар гугл атлас кобед хама духтарони узбак дар тан атлас доранд)
Ошро бо зур аз мо мегуянд...
Чавгон аз Озарихо шуд...
Самарканду Бухороро Узбакхо
гирифтан...
Сарзамини кучакамонро Чин бурида гирифт...
ХУДОЁ ба мо чи монд? ОДАМИ БОВИЧДОН дорем?:-@;->

Курутоб (ба чои оши палав) хуроки милли шуд... (аз мардуми Хучанд "курутоб" чи? гуфта пурсед! Агар хуроки милли мекарда бошед )
Чакан (ба чои атлас) либоси Милли шуд...
Фалак(ба чои шашмаком) -мусикии милли шуд..

Posukh ba Sulhi!

Inbi Sino bo in ke Abu Ali bod, arab va yo jahud nashud.
Umare Khayyom bo in ke Khayyom bod, arab nabod.
Agar az taarikhe kalimote, chun BOY ve MAT agoh mibuded, hargiz
hamchunin suole namekarded. Shumo moyro mebined, digaron pechishe moyro. Mutaassifam.

сарваршо хоруг
Палов,палав оши хос шохони пахлави будааст. яъне ниёгони ориёии точикон на турку дигарон. калмаи палав низ аз номи пахлави ихтисор шуда. биноан махз палав ошу хуроки пурарзиш ва асосиву миллии точикон аст. барои азизтарин мехмон ва иду маросимхои милли махз ПАЛАВ мепазанд. Дар ирону афгонистону покистон будаам аммо касе мисли точикон оши палав пухта карда наметавонад. агар инмруз узбакхо онро аз худ гуфтаанд ба ин далел ки худудхои пешини точикон ба эшон таалук дорад. вакте бог моли касе бошад пас дарахтонаш низ азони уянд...
курутоб гизои баъзе аз мардуми махалхост на милли. масалан дар бадахшон курутро тухп- ба точики туруш . мегуянд ин ду калима аз як решаи кадманд. ТУХП-ТУРШ. ТУХПОВ - мегуянд. тухпро дар оби чуш андохта бо равгани зард пиёзро бирён карда руи нон мерезанд. хулас дар асл мардуми мо низ пеш аз мугул ТУХПОВ мехурдааст ва ин гизо низ моли мост аммо махали на милли. узбекхо атласу палавро худи карданд. чаро МОЛЕ КИ БЕСОХИБ МОНД ДИГАРЕ ОНРО ХУДИ МЕКУНАД ин амри мантикист....

Э рахмат акаи режисер, будай ку, буху бугард братан!

abdu
хизмати хирсонаи иззат амон ба миллат

Дилшод
Бисер бахси чолиб ва мухим! Банда низ перомуни хамин мавзуь мехохам андаке андешарони кунам. Мо пеш аз он ки оид ба хуроки миллии точики будани курутоб бахс кунем, бояд алхол аз такдири оши палав биандешем. Айни хол дар Русия оши палавро ба хурокхои миллии узбакхо марбут медонанд. Зеро дар чанд ошхонаву тарабхонахои узбаки дар Маскав навишта шудааст: "Узбекский плов" Мо бошем хаехуйи зиедати карда мегардем. Модоме, ки ин хуроки миллии мост ва ин анику дакик низ хаст, пас чаро кушиш намекунем, ки онро хамчун хуроки мо шиносанд. Баьди як-ду сол пас дигар ин даьворо карда наметавонед, зеро ин узбакхо пурра ба номи худ мегузаронанд. Баьд дер мешавад. Мисли он ки бозии чавгонро озарихо дар Юнеско ба номи худ хуччатгузори карданд, аз кучое ду-се "донишманд"-и точику эрони баромада даьворо бардоштанд, ки ин моли мост. Аввал оши палави моро, ки имруз мардуми кишвархои Аврупо онро писандидаанд аз "асорат" начот дихед, баьд дар бораи курутоб, ки хеч кас онро на мешиносад ва на меписандад, харф занед.

Як хел банда оши палов чи будагиша, ва чи хел тарзи таераш кардана то хол соз намефахма.Камтар гузаронди мешава ШАВЛА. Ва мазаи хуби оши палава дар Душанбе бисерихо фахмид. Е хаминчаям дуруггуи мекне. Хурмати Парвардигор, хама таом бомазаву болазат. Лекин бародаро, ОШИ палов дигару, крутову шакаров дигар. Ба халки мехнаткаш свет гуен.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)