Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ аз тасвиби қонуни «Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар сомонаи расмии ин ташкилоти байнулмилалии ҷомеъаи исломӣ омадааст, ки қонуни мазкур "аз намозгузории навҷавонон дар масоҷиди Тоҷикистон ҷилавгирӣ мекунад". Сухангӯйи ҳайъати дабираи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Ҷидда гуфтааст, ки ин созмон аз гузоришҳо "дар бораи ин, ки давлати Тоҷикистон рафтани ҷавонон ба масоҷидро мамнӯъ кардааст, нигарон аст." Сухангӯйи ин созмон афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир мақомоти Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ бо мақомоти зиддахли Тоҷикистон барои "равшанӣ андохтан ба иттифоқоти ахир" дар тамос будааст.
Ёдрас менамоем, президенти Тоҷикистон қонуни масъулияти волидайнро, ки аз сӯи ҳар ду палатаи парлумони кишвар ҷонибдорӣ ва имзо гардида буд, ахиран рӯзи дуюми август ба тасвиб расонд. Ин қонун пас аз нашраш дар газетаҳои давлатии «Ҷумҳурият» ва «Садои Мардум» ҳукми қонунро гирифта, ба иҷро даромад, ҳарчанд қабл аз имзояш ва замони баррасиҳо ин санад ихтилофи назарҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд оварда буд. {jathumbnail off}
Мӯҳр