Нажодпарастони рус соли 2013 бештар ба табааи Осиёи Марказӣ ҳамла кадаанд
Бештари ҳолатҳои ҳамла бар пояи нажодпарастӣ дар Русия ба Маскав ва Санкт-Петербург рост меояд. Дар ин бора Интерфакс бо такя ба маркази “Сова” хабар додааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ аз ин марказ гуфтаанд, ба иттилои пешакӣ дар соли 2013 дар пайи чунин ҳамлаҳо дар 32 минтақаи Русия 20 нафар кушта ва дасти кам 173 кас ҷароҳат бардоштааст. Маскав бо 8 куштаву 53 захмӣ ва Санкт-Петербург бо 3 куштаву 32 захмӣ мисли солҳои пеш дар ин замина “пешсафанд”.
“Дар вилояти Липетск бар асари ҳамлаҳо дар пояи миллатгароӣ 4 тан куштаву 9 кас ҷароҳат бардоштааст, дар вилоятҳои Челябинск ва Маскав 8 нафарӣ маҷруҳ шудаанд. Дар Свердловск бошад, аз кушта шудани 2 нафар ва ҷароҳат бардоштани 4 кас хабар расидааст”,- меафзояд манбаъ.
Ба иттилои “Сова” дар соли 2013 бештар аз ҳама шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди ҳамла қарор гирифта, дар пайи он 13 нафар ба ҳалокат расида, 39 тани дигар захм бардоштаанд.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |