"Аксиз барои 2 миллион тамокукаш гарон меафтад"
Дар Қазоқистон шурӯъ аз соли 2014 арзиши аксиз ба маҳсулоти тамоку наздики ду баробар афзоиш ёфт. Дар ин бора Total.kz бо такя ба иттилои Раҳим Ошакбоев, раиси раёсати палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, камтарин қимати сигор акнун ба 190 танга баробар мешавад. Ин болоравии нарх барои 2 миллион тамокукаш, ки 48 дар сади бозори тамокуи арзон ба онҳо таалуқ дорад, хеле гарон меафтад. “Давоми се сол, шуруъ аз соли 2011 аксиз дар Қазоқистон ҳамасола ба 30 дар сад афзоиш меёфт. Тирамоҳи соли сипаришуда тасмим гирифта шуд, ки он қариб ду баробар афзоиш дода шавад. Ҳоло аксиз барои 1000 сигор 3 ҳазор тангаро ташкил медиҳад”, - гуфтааст Ошакбаев.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |