НАНСМИТ аз вазъи озодии баён дар соли 2013 натиҷагирӣ кард
Анҷумани миллии Васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ мегӯяд, дар соли 2013, ки соли интихоботи президентии Тоҷикистон буд, ҳолатҳои зиёди масдудияти сомонаҳои хабарӣ, маҳдудияти дастрасӣ ба маълумоти барои ҷомеа муҳим, баҳсҳои зиёди додгоҳӣ, ғайриқонунӣ боздошт ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кардани журналистону сабти ном накардани рӯзноманигорон сабт шудааст.
НАНСМИТ, ки вазъи озодии суханро тайи 12 моҳи сипаришуда натиҷагириӣ кардааст, хабар дода, ки соли 2013 дар маҷмӯъ 276 иттилои марбут ба озодии сухан ва инъикоскунандаи фаъолияти ВАО ва журналистонро дар кишвар дарёфт намуд, ки 82 тои он аз нақзи ҳуқуқҳои журналистон ва ВАО ва 65 тои дигар аз низоъ ва иттиҳомот алайҳи расонаҳову хабарнигорон иборат аст.
Анҷумани миллии Васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон аз баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ёд овардааст, ки рӯзномаи "ИмрузNews”-ро ба додгоҳ кашид ва 25 феврал додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзномаро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷуброн муваззаф кард.
“19 феврал бошад, суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт даъвои Кумитаи динро алайҳи хабарнигори оҷонсии иттилоотии “Тоjnews” - Амруллоҳи Низом баррасӣ намуда, ӯро дар “майдаавбошӣ” гунаҳкор ва 280 сомонӣ ҷарима баст. 2 апрел додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд журналисти телевизиони “Ҷаҳоноро” М.Воҳидовро дар нақзи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор ва 400 сомонӣ ҷарима баст. 19 июл, додгоҳи иқтисодӣ адвокат Файзинисо Воҳидова ва рӯзномаи “ИмрузNews”-ро мутаносибан ба пардохти 30 ҳазор ва 1 сомонӣ ба фоидаи ширкати “Тоҷирон” муваззаф намуд”,-хабар медиҳад манбаъ.
НАНСМИТ ҳамчунин қазияи журналист Маҳмадюсуф Исмоиловро, ки аз ҷониби суди ноҳияи Масчоҳ барои 11 сол равонаи зиндон шуд, зикр намуда, аз ду ҳолати ҳамла ба журналистон – Абдураҳим Умаров, сухангуи Хадамоти гумрук ва Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон” ёдовар шудааст.
Дар зимн, Анҷумани миллии Васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон қабули қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО”-ро, ки 19 марти соли 2013 аз сӯи раисиҷумҳур имзо шуд, “қадами аслӣ дар рушди таҳкими қонунгузории ВАО” номидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |