Хоманаӣ, Эрдуғон ва Фалк дар феҳрасти 10 чеҳраи антиисроилӣ
Маркази Симона Визенталия 10 чеҳраи яҳудситез ё “анти-исроилӣ”-ро тартиб додааст.
Дар садри ин рӯйхат, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон қарор дорад. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия шахси дуюм аст, навиштааст Worldbulletin. Марказ гуфта, ки Эрдуғон ба далели барҳам задани “стратегияи дӯстӣ”-и Исроил бо Туркия ба ин феҳраст шомил шудааст.
Исми Ричард Фалк, гузоришгари вижаи Созмони Милал оид ба вазъи сарзаминҳои ишғолии Фаластин, ки амали Исроилро нисбат ба фаластиниҳо генотсид номид, дар мақоми сеюм аст.
Маркази Симона Визенталия, созмони ғайриҳукуматӣ буда, ҳадафаш ҳифзи ҳуқуқи инсон, мубориза бо терроризм, антисемитизм ва омӯзиши Ҳолокост гуфта мешавад. Ин марказ соли 1977 дар Лос-Анҷелес таъсис ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |