Бахшҳо
07 янв 2014 15:41Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Таъхири мурофиаи зани тоҷики муттаҳам ба фоҳишагӣ дар Дубай

Мурофиаи додгоҳии зани 29-солаи тоҷик, ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб ба танфурӯшӣ муттаҳам мешавад, ба таъхир гузошта шудааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” имрӯз, 7-уми январ аз консулгарии Точикистон дар Дубай хабар дода, афзуданд, ки санаи нави муҳокимаи парванда ҳанӯз маълум нест.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз 21 октябри соли гузашта расонаҳои хабарии Дубай аз оғози муҳокимаи додгоҳии як шаҳрванди Тоҷикистон дар ин минтақа, ки бо иттиҳоми танфурӯшӣ боздошт гардидааст, хабар дода буданд. Ба навиштаи расонаҳои мазкур, ин шаҳрванди муҳокимашавандаи Тоҷикистон зани 29-солае мебошад, ки гӯиё дар моҳи шарифи Рамазон барои танфурӯшӣ ҳамроҳ бо як шаҳрванди Уммон боздошт шудааст.

Расонаҳои Дубай навишта буданд, қарор аст, додгоҳ баъд аз баррасии ҳамаи ҷузъиёти қазия ҳукмашро 18 ноябри соли 2013 эълон кунад. Аммо бо сабабҳои номаълум ба таъхир афтодааст. Ба иттилои манбаъ, ин зан ҳангоми мурофиа, иттиҳоми танфурӯширо рад карда, аз додрас хоҳиш намудааст, ӯро аз навзодаш ҷудо насозад. Ин зан, ки ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ аз ҷониби шахси номаълум ҳомиладор шудааст, инчунин дар вуруди ғайриқонунӣ тариқи баҳр ба Саудӣ муттаҳам мешавад.

Айбдоршаванда дар мурофиа гуфтааст, ӯ фоҳиша нест ва падари кӯдакаш як дӯстдоштааш ҳаст, ки кишварро баъд аз ҳомиладорияш тарк намудааст. Шаҳрванди 40-солаи Уммон, ки ҳамроҳ бо ин зани тоҷик боздошт шуда, барои ҷой додан ба як шаҳрванди ғайриқонунӣ муттаҳам мешавад, дар мурофиа изҳор доштааст, “бо ин зан ду ҳафта қабл аз боздошт дар як маркази дилхушии шабона шинос шудам ва ӯро ба хона даъват намуда, тӯли ин муддат барои таъминоташ маблағ ҳам додам.”

Ин шаҳрванди Умон изҳор доштааст, вақте дар бораи ҳузури ғайриқонунии ҳамзисташ фаҳмид, аз ӯ хоҳиш намуд, ки ҳуҷҷатҳояшро дуруст кунад. Пулис муайян кардааст, ки зани тоҷик ҳанӯз соли 2005 аз Арабистони Саудӣ ихроҷ шудааст ва тавре худи шаҳрванди Тоҷикистон иқрор шудааст, ӯ моҳи январи соли равон ба як зан маблағ дода, тариқи баҳр ба Фуҷайра ва аз он ҷо ба Дубай омадааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)