Бахшҳо

Зайнулло Соҳибов, додари домоди президент, раиси “Сементи тоҷик” шуд

Зайнулло Соҳибов, додари Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раиси клуби “Равшан”, раҳбари нави корхонаи “Сементи тоҷик” таъин шудааст.

Меҳрангез Назарова, котиби матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо “Озодагон” ин хабарро тасдиқ кард. Ба қавли мусоҳиби мо, инчунин, корхонаи “Тоҷиксемент” ба ҷамъияти саҳомӣ табдил шуда, номашро ба “Сементи тоҷик” иваз намудааст.

Зайнулло Соҳибов дар курсии раиси “Сементи тоҷик” Маҳмадсаид Зубайдовро иваз намуд. Вай фориғуттаҳсили факултаи иқтисодии Донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ва факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар Академияи давлатии хоҷагии қишлоқи назди президенти Русия таҳсил кардааст.

“Тоҷиксемент”, калонтарин корхонаи сементбарории кишвар, ки дар пайи қатъи интиқоли гази табии Узбакистон аз кор монд, баъди гузаштан ба ангишт моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дубора фаъол карда шуд. Мақомот мегӯянд, “ҳоло навбати якуми ин корхона бо технологияи нав мавриди истифода қарор гирифт, ки иқтидори солонаи он 180 ҳазор тонна семент мебошад. Ин кор бо харҷи қариб 13,5 миллион доллари амрикоӣ анҷом дода шуда, аз 1140 нафар коргарони пешин 883 кас аз нав ба кор ҷалб карда шудааст. Бо вуҷуди истифода аз ангишт, ин технологияи нав каммасрафу бепартов буда, ба муҳити зист ҳеч гуна зарар намерасонад. Дар истеҳсоли 510 тонна семент, ки иқтидори шабонарӯзии корхона аст, ҳамагӣ 350-400 кг ангишт сарф мешавад.”

Ин дар ҳолест, ки иқтидори лоиҳавии корхонаи “Тоҷиксемент” беш аз 1 миллион тоннаро ташкил медиҳад.


Дар акс: Зайнулло Соҳибов, нафари аввал аз тарафи чап

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
арввар
Ба рохбарияти ин гуна корхонахо муттахасисони варзидаро таъин кардан лозим аст. Мана заводи алюминийро талаву тороч карда банкрот карданд. Хайфи Точиксемент.

Донишчу
Футболист раиси заводи семент мешавад... Инчо Точикистон аст.

Дилшод
Э "ошшшшш" шавадееееее

Хамкурс
Касе чизе мегуяд ман бетараф. Лекин аз баски Зайнулло хамкурси ман аст ман уро бо ин вазифа таъин шуданаш табрик мегуям ва барои пешрафти корхояш мувафакиатхоро орзу мекунам. Умедворам, ки ин корхонаро ба яке аз корхонахои пешрафта табдил медихи ва ман аз ту бовари хам дорам. Барору комёбихо орзу дорам дар перафти корхоят бародари Азиз!!!

hamed
in zaynolla sahebov. dadare mohamd zaher ast ya dadare shmasollah???

Банда
Бо ин хел рохбарон точикистон хеч гох пеш намеравад.

Карлуг
ин Зайнуллои 28 сола боз вакили парлумон хам хаст. ин кас яке аз он кам нобигахое аст ки дар чигари дангара таввалуд шуда аст. ва аз хама мухим хуни Ориё дар рагхояш чори аст))))))))))))

Said
hamed,
Kori tu chiyai avval tojiki gap zadanro yod gir. Tu ba fikram Tojik nesti yo padarat yagon Eromni hast ki ba eroni gap mezani. Agar eroni boshi korat chi ba dadari kase budanash.

Чавоб ба хамкурс шаши кардан гир турам яке грузчик мегира дар хами заводуш...))))))))

Афшин
Вазифаро дангарагихо мегиранду номи Кулоб ва в. Хатлон бад мешавад.

Мухтарам Ориеи-зАЙНУЛЛО, сементи ки дар замони Шурави, яке аз сементхои пешкадам буд, ба халки мехнаткаш арзон мешуда боша. А бача, моям гулаку рузгор дорем. И сементои дигар, ба боду хавои мо тоб надора.

Баъди хатми академияи хочагии кишлок, хатман сементхои Точиксементро хамчун порухои органики дар заминхо истифода бурдан мумкин мешавад. Ин раисичумхури мо факат ба хотири бо вазифа таъмин намудани хешу табораш, аккалан ба тахсилоти онхо эътиборе хам намедодааст-дия. Хайфи ин халку ояндаи он. Агроном директори корхонаи саноати, ветеринар - корманди хифзи хукук, подабон духтур ва хоказо шуда кор кунад агар, ояндаи миллат чи мешуда бошад-?

Точикистони нав
Шумораи авлоди №1 ба хисоби миёна.

-Оилаи №1 - 11 нафар
-Хешутабори оила (келинхову домодхо, наберагон, амакхову тагохо ва гайра) - 200 нафар
-Хешутабори хешутабори оилаи №1 - 2000 нафар
-Хешутабори хешутабори хешутабори оилаи №1 - 10000 нафар
Хамаи ин 10000 нафар вазифа ва миллионхо доллар мехохад. Акнун тасаввур кунед, ки кай як Точикистони камбагал ин кадар одамро сер мекунад?

Ман аз номи худ ва аз номи тамоми мухлисони "Равшан" акаи Зайнуллоро барои ин вазифа таъин шуданаш муборакбод мегуям. Акаи Зайнулло дар инкишофи футболи миллат накши бориз дорад. Махз бо дастгирии ин марди саховатманду начиб "Равшан" ду бор чемпион шуд. Мухлисон ба варзишгох баргаштанд. Футбол дар Точикистон зиндаву эхё шуд. Агар хамаи чиновнику миллионерхое, ки ба гуфти мо мардуми Панчшер аз пушти Чаноби Оли пулдору сарватманд шудаанд, нисфи нисфи нисфи харчхои акаи Зайнуллоро дар равнаки футбол мекарданд, футболи Мо дар ин хол намемонд. Канд занед Акаи Зайнулло..Ман бовари дорам, ки на танхо мухлисон, балки тамоми мардуми Кулоб Шуморо чун фарзанду бародари худ дуст медоранду эхтиром мекунанд..

Хонанда
Факультаи хукукро бача тамом кардааст. Бо дипломи хукукшиноси рахбари дастаи футболаш мондаанд ва пас аз як муддате раиси як ширкати саноати. Ку мантик? Магар аз дохили хамон корхона ягон мутахассиси ботачриба ёфт намешуд, ки футболистро оварда рахбари он монданд? Мана ба шумо сиёсати кадрии режими Рахмонов.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)