Кабирӣ: “Давлати Тоҷикистон бар асоси манофеи сокинонаш амал намекунад”
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Шабакаи телевизионии арабзабони “ат-Туркия” ба масъалаи равобити Тоҷикистону Русия, аз ҷумла вобастагии Душанбе аз Маскав ва сиёсати пешгирифтаи Туркия дар Осиёи Марказӣ дахл кардааст.
Раиси ҲНИТ бар ин аст, ки ҳамкорӣ бо Русия барои мардуми Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва ин ҳамкориро ҳизбаш ҷонибдорӣ менамояд. Ба қавли ӯ, Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисодӣ ва сиёсӣ сахт вобастаи Русия аст ва наметавон Душанбеи расмиро имрӯз бозигари мустақил дар минтақа номид. “Зеро беш аз ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ҳамчун муҳоҷир ба сар мебаранд, ки маблағи вориднамудаи онҳо ба ватан ду баробари маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳанд”,-афзудааст ӯ.
Аммо ба қавли Муҳиддин Кабирӣ, ин равобит бояд, дар чаҳорчӯби манфиати миллати тоҷик бошад: “Мутаассифона, давлати Тоҷикистон пурра бар асоси манофеи сокинонаш амал намекунад.” Раиси ҲНИТ иброз намуд, кишварҳои абарқудрат, бахусус Русия иштибоҳи худ дар масъалаи сиёсати хориҷиашро дарк карда, дар баробари ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои худкома, бо мардум низ мехоҳад, равобиташро ба роҳ монад: “Русия ҳоло ба хотири ҳамкорӣ бо тамоми қишри Осиёи Марказӣ ҳамаи каналҳоро ба роҳ мондааст.”
Кабирӣ таъкид дошт, “яке аз хатоҳои бузурги кишҳварҳои абарқудрат дар он аст, ки танҳо бо ҳукуматҳои худкома ҳамкорӣ менамоянд. Аз ҷумла Амрико, ки дар аввал бо Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури барканоршудаи Миср муносибат дошт. Вале бо оғози инқилоб хост, “ҳамкораш”-ро иваз кунад, ки хеле дер шуда буд. Ҳоло бошад Русия низ инро дарк кардааст, ки дар Мисру Либия ва Тунис мавқеи худро аз даст дод ва аз ин рӯ, бо тамоми неру вориди Сурия шудааст. Чун ин кишвар нуқтаи охирини он дар минтақаи Ховари Миёна мебошад. Ин абарқудратҳо дарк кардаанд ва ҳоло равобитро на танҳо бо ҳукуматҳо балки бо мардум низ ба роҳ мондаанд.”
Раиси ҲНИТ бар ин назар аст, ки ҳукумати нави Русия дар мавриди равобити худ бо кишварҳо нисбатан аз рӯи мантиқ кор мегирад. Ӯ мегӯяд, дар сафари ахираш ба Маскав, ки бо даъвати ин ҷониб сурат гирифт, бо мақомоти рус дар ин бора суҳбат кардааст. Ӯ мегӯяд, аз ҷониби Русия даъват кардааст, ки дар таърихи равобити дуҷонибаи Душанбею Маскав саҳифаи наверо боз намоянд: “Пешниҳод кардем, ки мо ба ҳамсояи хуб дар Шимол ба монанди Русия ниёз дорем ва шумо ба як минтақаи ором дар Осиёи Марказӣ. Яъне миёни мо алакай як ҳамдигарфаҳмие дар бархе маворид ба вуҷуд омадааст.”
Раиси ҲНИТ дар мавриди равобити Туркия бо Тоҷикистон низ ишораҳо карда, афзудааст, ки аз сиёсати кунунии Анқара нисбат бо Душанбе розӣ нест. Ӯ бар ин аст, ки мақомоти туркӣ нисбат ба Осиёи Марказӣ як сиёсати возеҳу равшан надорад: “Албатта, дар оянда умедворем, ки сиёсати ин кишвар бо Тоҷикистон дар самти забону фарҳанг каме тағйир хоҳад ёфт.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |