Зимни як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт маводи мухаддир забту мусодира гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, сокини 41-солаи ноҳияи Файзобод Абубакр Олимов дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ боздошт гардидааст, ки дар дасташ ду адад бастаи селофанӣ дошт. Аснои азназаргузаронӣ маълум гардид, ки дар дохили онҳо 1 килою 912 грамм ҳероин мавҷуд аст. Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда доғи судӣ дошта, қаблан бо моддаи 228 қ.4, 228 қ.2 кодеси ҷиноии Федерадсияи Русия аз озодӣ маҳрум гардидааст, ҳоло бошад парвандаи ҷиноии ӯ мавриди тафтиши муфаттишон қарор дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр