Занги Убайдуллоев ба сокини бебарқи Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе шахсан ба Шаҳодат Соҳибназарова, сокини кӯчаи Мирзо Турсунзода 83 занг зада аз таъминот бо барқ дар маҳаллаашон пурсон шудааст.
Соҳибназарова дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки таърихи 27-уми декабри соли 2013 баъди чор рӯзи бебарқӣ ва муроҷиатҳои бенатиҷааш ба масъулини шабакаҳои барқии Душанбе ниҳоят ба Маҳмадсаид Убайдуллоев ва сомонаи www.mometavonem.tj муроҷиати хаттӣ кардааст: “Мактуби худро 27-уми декабр фиристодам. Рӯзи дигар, 28-уми декабр масъалаи таъмини барқ дар маҳаллаамон ҳал шуд. Тақрибан соатҳои 17:30 ба телефони ҳамроҳам занг заданд. Зангзананда аз ҳалли мушкили барқ пурсида, суол кард, ки шиддати барқ чӣ хел аст? Баъди ин худро муаррифӣ карда, гуфт, ки Убайдуллоев раиси Душанбе аст.”
Ин сокини Душанбе афзуд, он, ки шахсан Убайдуллоев иҷрои муроҷиатҳои шаҳрвандонро назорат мекунад, барояш ғайриинтизор буд: “Ман ба Убайдуллоев барои расидагӣ ба муроҷиатамон изҳори миннатдорӣ карда гуфтам, барқ омад, вале бо шиддати паст.”
Дар посух раиси Душанбе таъкид кардааст, ки “ба Атоев, масъули шабакаҳои барқи Душанбе супориш медиҳам, то ин мушкилатон комилан бартараф шавад.”
Ба гуфтаи Шаҳодат Соҳибназарова Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 4-уми январ низ тариқи як тамоси телефонӣ аз вазъи шиддати барқ дар ин маҳалла пурсон шудааст.
Соҳибназарова аз иртиботи бевоситаи раиси шаҳр бо сокинон истиқбол намуда, ҳамзамон инро шаҳодати он гуфт, масъулини поёнӣ саривақт вазифаҳояшонро иҷро намекунанд: “Беҳтар аст, ки чунин мушкилот аз тарафи масъулини бахш саривақт ҳалли худро ёбанд, на бо дахолати раиси шаҳри Душанбе.”
Ин дар ҳолест, ки шаҳрдори Душанбе бо истифода аз воситаҳои коммуникатсионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо сокинон робита барқарор намуда, аз дастовардҳои технологияи коммуникатсионӣ барои ҳалли масоили хоҷагидории пойтахт нисбатан зиёд кор мебарад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |