ВИДЕО: “Ҳама барои як кас...” Ҳамоиши ҷавонон ба ҳимояти Зайд
Ҷавонони тоҷики муқими Маскав барои ҳимоят аз Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон, як ҳамоиш баргузор намудаанд.
Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, зимни суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳамоиш бо ҳузури беш аз 100 ҷавони тоҷик 5-уми январ дар маҷмааи варзишии "Масква" зери шиори “Ҳама барои як кас ва як кас барои ҳама” баргузор гардид.
Иззат Амон таъкид кард, ки мақсад аз баргузории ин ҳамоиш изҳори ҳамраъйӣ бо Зайд Саидов ва норозигӣ аз ҳама он масхарабозиҳое, ки гирди номи ӯ ташкил шудаанд: “Касоне ин ҳама масхарабозиро анҷом медиҳанд, бидонанд, ки бо ҳама кӯшиш натавонистанд исми поки Зайд Саидро олуда гардонанд. Зайд як фарзанди фарзонаи миллат буд, ҳаст ва хоҳад монд. Аммо касоне, ки ин ҳама тавтиъаро бар зидди ӯ барпо карданд дар назди мардум ва таърих ҳамеша шарманда хоҳанд монд”.
Раҳбари ҷавонони Тоҷикистон гуфт, тамоми ҷавонони иштирокдори ҳамоиш дар тан либоси варзишии махсус бо акси Зайд Саидов доштанд ва афзуд, ки дар доираи ин гирдиҳамоӣ бозии футболро барпо намуданд: “Аллакай намояндагони мо дар Санкт Петербург ва шаҳри Тюмен дархост карданд, ки либоси варзишӣ бо акси Зайд Саидовро ба онҳо низ бифиристем. Ҳадаф дорем, ба наздикӣ як гирдиҳамоӣ бо ширкати 1000 нафар дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия гузаронем. Ҷавонон ба хулосае омаданд, ки то озод шудани Зайд Саидов аз маҳбас чунин ҳамоишҳоро мегузаронанд.”