Боздошти падаре, ки мехост тифлашро бар ивази 650 доллар фурӯшад
Дар шаҳри Оши Қирғизистон бо иттиҳоми талоши фурӯхтани тифли навзод як шаҳрванди Узбакистонро боздошт кардаанд.
Бино ба иттилои расонаҳо, ин нафар қасд дошта, кӯдаки якмоҳаи худро, ки 6 декабри соли 2013 ба дунё омадааст бар ивази 30000 сум, муодили 650 доллар фурӯшад. Ҳангоми боздошт ӯ гуфта, ки мушкили зиндагӣ барои ин амал водораш сохт.
Гуфта мешавад, модари тифл, ки мубталои СПИД будааст, баъди чанд рӯзи таваллуд дар беморхонаи Ош мефавтад. Падараш тифлро ба як зани маҳаллӣ фурухтанӣ мешавад ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро дастгир мекунанд.
“Ӯ мехостааст, ки бар ивази маблағи аз фурӯши кӯдак бадастоварда Русия мардикорӣ биравад. Тифл ҳоло дар таваллудхонаи вилоятии Ош қарор дошта, тақдири минбаъдааш номаълум мебошад”,-навиштаанд расонаҳо.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |