«Google» Самарқанду Бухороро ба узбакҳо “баргардонд”
Корпоратсияи «Google» шаҳрҳои Самарқанду Бухороро аз рӯйхати пойтахтҳои Тоҷикистон бозпас гирифта, онҳоро дубора ба рӯйхати шаҳрҳои Узбакистон баргардондааст.
Ахиран «Google» дар шабакаи интернет иттилое паҳн карда буд, ки тибқи он Самарқанду Бухоро дар баробари шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон мебошанд. Дар шарҳи ин хабар мудирияти «Google» ба “Озодагон” гуфт, айни ҳол ин “иштибоҳ” ислоҳ шудааст ва масъулини бахши русии «Google» баъди бозгашт аз таътили “солинавӣ” онро шарҳ хоҳанд дод.
Ин дар ҳолест, ки таърихан моли тоҷикон будани шаҳрҳои қадимии Самарқанду Бухороро таърихшиносон эътироф кардаанд. Ахиран Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия низ зимни баромадаш дар парлумони ин кишвар таъкид намуд, ки узбакҳо зимни тақсимбандии марзию маъмурӣ дар солҳои аввали ташкилшавии Шӯравӣ Самарқанду Бухороро аз тоҷикон гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |