Созмони Аврупо: Ба диндорон дар Тоҷикистон зиндон таҳдид мекунад
Созмони ҳомии ҳуқуқи Аврупо зимни як раддабандӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое ворид намудааст, ки ба диндорон дар он зиндон таҳдид мекунад.
Ин созмон бо пахши як гузориш таъкид намудааст, ки дар Тоҷикистон озодии дину ақида риоя намешавад ва соли гузашта низ зиндонӣ кардани шаҳрвандон барои ақида ҷой доштааст. Баробари Тоҷикистон ба ин рӯйхат боз 23 кишвари дунё, аз ҷумла Эрон, Чин, Арманистон, Озарбойҷон, Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Покистон, Ҳиндустон, Индонезия, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаос, Лубнон, Марокаш, Арабистони Саудӣ, Судан, Туркманистон, Узбакистон, Ветнам ва чанд кишвари дигар ворид шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳамасола ба иттиҳоми узвият дар созмонҳои гуногуни ифротию террористӣ даҳҳо нафар зиндонӣ мешаванд. Мақомоти тоҷик далели маҳдудсозиҳоро дар умури дин таъмини амният ва ягонагии марзии кишвар арзёбӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |