Дастури Убайдуллоев барои таъмини гармӣ дар хонаи Ҳошим Гадо
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар пайи дарёфти дархости Ҳошим Гадо дар бораи таъмири хонааш ба шаҳрдорӣ дастур додааст, ки дархости ин ҳунарманди шинохтаро иҷро кунад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев ба Азам Табаров, мудири Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе супориш додааст, ки хатти гармидиҳии манзили Ҳошим Гадо, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои Тоҷикистонро барқарор намуда, дар бозсозӣ ва таъмири манзилаш ба ӯ кӯмак намоянд.
Қаблан Ҳошим Гадо, ҳунарманди маъруф ва барандаи чандин ҷоизаи ҳунарӣ аз шаҳрдории Душанбе барои бозсозӣ ва таъмири манзилаш дархости кумак карда буд. Ӯ дар номаи худ ба шаҳрдорӣ иброз доштааст, ки мехоҳад дар хонаи гарм ва дорои шароити хуб зиндагӣ кунад. Ҳошим Гадо яке аз ҳунармандони шинохта ва барандаи ҷоизаи Рудакӣ буда, дар беш аз 50 филм нақш офаридааст ва муаллифи 11 китоб бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |