Миллиардҳо миёни Чину Тоҷикистон боз гум шудаанд
Рашид Олимов, сафири Тоҷикистон дар Чин, имрӯз, 3-юми январ зимни як нишасти хабарӣ бо такя ба маълумоти Вазорати савдои Чин гуфтааст, гардиши мол миёни Чину Тоҷикистон дар 11 моҳи соли равон 1 миллиарду 672 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,1 дарсад зиёд аст.
Тибқи иттилои хабаргузории “Синхуа” Олимов ба маълумоти мақомоти чинӣ ҳаҷми содирот аз Чин ба Тоҷикистонро 1 миллиарду 586 миллион доллар ва ҳаҷми воридот аз Тоҷикистон ба Чинро 85,6 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон ҳаҷми додугирифт бо Чин дар 11 моҳи соли равон ҳамагӣ 631 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки дар миён 1 миллиарду 31 миллион доллари амрикоӣ ё худ беш аз 5 миллиард сомонӣ куҷо шуд, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон онро сабт накардааст? Дар ҳоле, ки сабти расмии ин миқдор мол метавонист ба буҷет садҳо миллион сомонии иловагӣ ворид намояд.
Неъматҷон Раҳматов, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш дар тобистони соли 2013 эътироф намуд, ки миёни омори мақомоти гумруки Чину Тоҷикистон дар мавриди ҳаҷми гардиши мол тафриқа аст. Ӯ дар шарҳи ин фарқият гуфт, мақомоти гумруки Тоҷикистону Чин аз ду усули фарқкунандаи ҳисобукитоб истифода мекунанд.
Раҳматов афзуд, ки дар ҳудуди кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ усули ҳисобукитоби гумрукие татбиқ мешавад, ки мувофиқи созишномаи миёни ин кишварҳо мувофиқа шудааст, аммо дар Чин усули тамоман дигарро истифода мебаранд: “Ин аст, ки ҳаҷми нишондодаи мақомоти Чин аз маълумоти гумрукии Тоҷикистон фарқ доранд.”
Аммо ҳолдонҳо мегӯянд, дар бархе аз ҳолатҳо молҳои чинӣ дар мувофиқа бо кормандони мақомоти гумрук, яъне тариқи додани пора ва бе сабти расмӣ ворид мешаванд. Дар натиҷа маълумоти омории Чин аз Тоҷикистон бамаротиб зиёд мебарояд, чун чиниҳо ҳамаи молҳои содиротияшонро сабт мекунанду аз онҳо боҷ меситонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |