Google Самарқанду Бухороро “пойтахт”-и Тоҷикистон мегӯяд
Корпоратсияи «Google» дар шабакаи интернет иттилое паҳн кардааст, ки тибқи он Самарқанду Бухоро дар баробари шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон мебошанд.
Тибқи иттилои «Google», калонтарин ҷустуҷӯгар дар интернет, шаҳрҳои Самарқанду Бухоро низ ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешавад. Дар иттилоияи «Google» дар бораи Тоҷикистон дар сархати пойтахтҳо Самарқанд, Бухоро ва Душанбе зикр шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки таърихан моли тоҷикон будани шаҳрҳои қадимии Самарқанду Бухороро таърихшиносон эътироф кардаанд. Ахиран Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия низ зимни баромадаш дар парлумони ин кишвар таъкид намуд, ки узбакҳо зимни тақсимбандии марзию маъмурӣ дар солҳои аввали ташкилшавии Шӯравӣ Самарқанду Бухороро аз тоҷикон гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |