Шикояти вакилони Зайд ба парлумон ва Нусратулло Абдуллоев

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон ният доранд, имрӯз, 3-юми январ аз болои шартгузориҳои ғайриқонунии додрас Шавкат Абдулхайров ба Маҷлиси намояндагон ва Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олӣ шикоят баранд.
Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони Зайд Саидов, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Шавкат Абдулхайров ҳукми зерҳимояашонро дар муҳлати муайянкардаи қонун ба онҳо надода истодааст ва дар ин миён шарт гузоштааст, ки ғайриқонунӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи Олӣ, ки ахиран соҳибкор Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум кард, ба вакилони дифои маҳкумшуда шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ифшо накардани ҷузъиёти ҳукм матни пурраи онро ба вакилон дастрас хоҳад кард.
Қудратов мегӯяд, “вақте назди Шавкат Абдулхайров рафтем, ӯ ба мо як санадеро пешниҳод кард ва гуфт, ки бояд қабл аз гирифтани ҳукм зери он имзо гузорем. Мо бо он санад шинос шудем, ки он ҷо омадааст, баъди гирифтани ҳукм мо ҳаққи ифшо кардани ҷузъиёти онро надорем. Дар сурати паҳн кардани ҳукми додгоҳӣ мутобиқи моддаи 177-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи мо парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд.”
Ин вакили дифои Зайд Саидов дархости додрас Шавкат Абдулхайров ғайриқонунӣ арзёбӣ кард, зеро ба гуфтаи ӯ тибқи қонунгузорӣ танҳо парванда ва маводи марбут ба он метавонанд махфӣ нигоҳ дошта шавад. Оқои Қудратов мегӯяд, ки баъди баровардани ҳукм қонун ифшои ҷузъиёти онро манъ накардааст.
Қудратов таъкид намуд, ки тариқи мактуб ба парлумон ва раиси Суди Олӣ талаб хоҳанд кард, ки риояи қонунро аз ҷониби Шавкат Абдулхайров назорат кунанд.
Додгоҳи Олӣ Зайд Саидовро 25-уми декабр ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард. Зайд Саидов баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” моҳи майи соли равон боздошт шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |