4 852 нафар дар Тоҷикистон ба истихроҷи металҳои қиматбаҳо машғуланд
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо такя ба маълумоти пешакии солона мегӯяд, дар соҳаи саноати кӯҳӣ зиёда аз 8 ҳазору 326 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти ин ниҳод аз ҷумла дар соҳаи истихроҷи металлҳои қиматбаҳо 4852 нафар, металлҳои ранга дар намуди хока 3206 нафар ва соҳаи заргарӣ ва коркарди сангҳои ороишӣ 268 нафар машғули кор буда, ба ҳисоби миёна дар як моҳ 1587,1 сомонӣ маош мегиранд.
Ба иттилои манбаъ шумораи ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда дар соли 2013 дар муқоиса бо соли 2012 ба ҳисоби умумӣ 1609 ададро ташкил менамояд: “Аз ин шумора дар корхонаи «Зарафшон» 407 нафар, «Апрелевка» 104 нафар, Пакрут 272, “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону-Хитой” 349 нафар, ҶДММ “Баракати истиқлол” 88 нафар фаъолият мекунанд.”
Вазорати саноат ва технологияҳои нав таъкид мекунад, ки музди миёнаи меҳнати куҳкорон дар умум нисбат ба соли 2012, 300 сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |