Дастури Асоев барои таъсиси сохтори нави ҳавонавардӣ ва кори беистироҳат
Хайрулло Асоев, вазири навтаъини нақлиёти Тоҷикистон, дар рӯзҳои аввали соли 2014 аз таъсиси сохтори махсуси марбут ба ҳавонавардии гражданӣ хабар дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт Хайрулло Асоев таъкид кардааст, ки дар соҳаи ҳавопаймоӣ бояд сохторе бошад, то кишвари моро дар олам бо фаъолияти худ муаррифӣ карда тавонад: “Ин сохтор мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ватаниву байналхалқӣ фаъолият намуда, бояд ҷиҳати пешрафт ва кори саҳеҳи соҳаи ҳавопаймоӣ фаъол бошад.”
Ба итттилои манбаъ вазир бо ишора ба санаи 3-юми август, ки соҳаи ҳавопаймоӣ 90-сола мешавад, таъкид намудааст, ки онро бояд сазовор истиқбол намуд. Асоев афзудааст, ки имсол 14 сентябр ҷаласаи ШОС дар Тоҷикистон баргузор мегардад ва фурудгоҳҳою хадамоти марбути онҳо дар масъалаи қабулу гусели намояндагон набояд ба камбудие роҳ диҳанд.
Баробари ин вазири нави нақлиёт дастур додааст, ки қабулгоҳи ӯ 12 соат, бе рӯзи истироҳат барои кор омода бошад. Инчунин Асоев масоили марбут ба ҷалби мутахассисони ҷавону болаёқат ва барқароркунии нақби Истиқлолро мавриди баррасӣ қарор додаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |