Қурбоналӣ: “Раҳмоналӣ 10 сол боз дар Русия буд, то соҳиби хона шавад” (АКС)
Алишер ЗАРИФӢ
Қурбоналӣ -- бародари Раҳмоналӣ Ғозиеви 42-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки ахиран дар яке аз таркишҳои Волгогради Русия ҷон бохт, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, додараш ду моҳ пеш барои хабаргирии аҳли хонавода ба Душанбе омада буд. Ба қавли мусоҳиби мо, Раҳмоналӣ, ки даҳ сол боз дар муҳоҷират буд, дар дил нақшаву ниятҳои зиёде дошт, аз ҷумла мехост, барои худ як манзил бунёд кунад.
“Ӯ дар Русия беш аз 10 сол боз ба тиҷорат машғул буд ва давоми ин вақт омада хабар мегирифту боз мерафт. Раҳмоналӣ соҳиби 3 фарзанд - ду писар ва як духтар аст. Ҳамсар ва фарзандонаш низ бо ӯ дар Русия буданд”,-илова кард Қурбоналӣ. Вай афзуд, ҳоло ҳамсару фарзандони Раҳмоналӣ низ аз Русия ба Душанбе омадаанд ва маълум нест, оё дубора ба муҳоҷират мераванд ё дар кишвар мемонанд: “Раҳмоналӣ дар Ватан хона надошт ва ният дошт, ин навбат омада дар кишвар хона месозад. Мо дар оила 9 нафар будем, Раҳмоналӣ даргузашт, акнун 8 нафар мондем.”
Чанд тан аз ҳамсояҳои Раҳмоналӣ Ғозиев дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе низ аз ӯ ба некӣ ёд карданд. Онҳо гуфтанд, Раҳмоналӣ як инсони самимӣ буда, ба касе зарар намерасонд ва ҳамеша ба дармондагон ёрӣ мекард.
Ҷасади Раҳмоналӣ Ғозиев ҳамроҳи тобути Тошпӯлод Назаров, сокини шаҳри Турсунзода, ки ӯ низ дар таркишҳои Волгоград ҷон бохтааст, субҳи 3 январ аз Маскав ба Душанбе оварда шуд. Барои қабули тобутҳо ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сумангул Тағоева, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар рафта буд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, "мо субҳи барвақт дар фурудгоҳ будем. Ҳавопаймо соати 7:20 фуруд омад ва наздикони Тошпӯлод Назаров ва Раҳмоналӣ Ғозиев яке аз ин ҷасадҳоро ба ноҳияи Турсунзода ва дигареро ба маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе бурданд.”
Тошпӯлод Назаров, сокини 54-солаи шаҳри Турсунзода, дар пайи ҳамлаи террористии 29 декабр дар истгоҳи роҳи оҳани Волгоград дар ҷои ҳодиса ҳалок гардид. Раҳмоналӣ Ғозиев дар ин ҳодиса сахт ҷароҳат бардошта, баъдан дар бемористони ёрии таъҷилии рақами 25-и ин шаҳр ҷон дод.
Мақомоти Русия гуфтаанд, хонаводаи ин ду тоҷики қурбонӣ ду миллион рублӣ аз тарафи ҳукумати Русия ва ҳукумати Волгоград кумак дарёфт хоҳанд кард. Ин мавзӯъ дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки 30 декабри соли 2013 баргузор гардида буд, низ мавриди баҳс қарор гирифт. Худи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар номаи таслияташ ба Владимир Путин ҳамлаи террористӣ дар истгоҳи роҳи оҳани Волгоградро маҳкум карда, азмаш “барои мубориза бо чунин зуҳуроти ғайриинсониро” таъкид намудааст.
АКС: Манзили Раҳмоналӣ ҒозиевДар акси аввал: Раҳмоналӣ Ғозиев
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |