Фавти муҳоҷири дувуми тоҷик дар таркишҳои Волгоград
Намояндагии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, Раҳмоналӣ Ғозиев, муҳоҷири 42-солаи тоҷик, ки дар таркиши рӯзи 29 декабр дар шаҳри Волгоград ҷароҳат бардошта буд, субҳи имрӯз, 31-уми декабр дар бемористони ёрии таъҷилии рақами 25-и ин шаҳр ба ҳуш наомада ҷон додааст.
Эдуард Пономарев, мудири шӯъбаи ҷарроҳии ин бемористон қаблан дар сӯҳбат ба намояндагони Тоҷикистон гуфтааст, Ғозиев бештар косахонаи сар ва дасту пой ҷароҳат гирифта буд.
Қаблан Тошпулод Назаров, сокини 54-солаи шаҳри Турсунзода, дар пайи ҳамлаи терорристӣ дар истгоҳи роҳи оҳани Волгоград ба ҳалокат расида буд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, айни ҳол машғули таҳияи аснод барои гирифтани ҷасад ва ҷубронпулии муҳоҷирони тоҷик мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири ҳукумат ҳамлаҳои террористӣ дар Волгоградро маҳкум карда, аз масъулин хост, ба шаҳрвандони фавтида дар ин фоҷиа кӯмак кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |