2013 ҷони беш аз 70 журналистро гирифтааст
Бино ба маълумоти созмонҳои журналистӣ тайи 12 моҳи соли 2013 ҳангоми анҷоми вазифаи касбӣ беш аз 70 рӯзноманигор дар саросари ҷаҳон ҷони худро аз даст додаанд.
Роберт Махони, муовини раҳбари созмони ҷаҳонии “Кумитаи ҳифзи журналистон” (CPJ) гуфтааст, ки бештари хабарнигорон дар Ховари Миёна ба ҳалокат расидаанд. Танҳо дар Сурия 29 журналист кушта шудааст. Дар Ироқ ин рақам ба 10 мерасад. Аз шаш журналисти кушташуда дар Миср бошад, се тани онҳо дар пайи задухӯрди тазоҳургарон бо пулис дар моҳи август ҷон додаанд. Дар маҷмӯъ ба иттилои ин ташкилот дар як соли ахир дасти кам 70 журналист кушта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, созмони “Хабарнигорони бидуни марз” аз кушта шудани 75 журналист хабар медиҳад. Ин созмон ҳамчунин аз хабарнигорони пушти панҷара ёд кардааст, ки теъдоди онҳо 177 нафар гуфта мешавад ва аз ҳама бештар дар Чин (30), Эритрея (28) ва Туркия (27) будаанд. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Узбакистон бо 9 журналисти зиндонӣ зикр шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |