Туҳфаи солинавӣ: Лимити барқ бекор мешавад
Аз соати 6:00-и фардо, 31 декабр то соати 23:00-и 1 январ дар қаламрави ҷумҳурӣ лимити барқ бекор мешавад. Дар ин бора аз ширкати “Барқи тоҷик” хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин тасмим ба хотири ҷашни соли нави мелодии 2014 гирифта шуда, шурӯъ аз 2 январ маҳдудияти барқ мисли пешин ба роҳ монда мешавад.
“Барқи тоҷик” соли равон барои сарфаи обу энержӣ реҷаи маҳдудияти барқро 26 октябр ҷорӣ намуда, баъдтар онро шадидтар кард. Айни ҳол мардуми навоҳии кишвар аз соати 5:00 то 7:00-и субҳ ва аз соати 17:00 то 21:00-и шаб барқ мегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |